Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

карда: «ту дар рӯзи равшан роҳатро базӯр меёбӣ, дар шаби торик боз ба дасти полезбон афтида намонӣ! «Не, меравам гуфтам, меравам, гапам якто!».

  • «Майлаш, пеш даро, гӯён панҷ кас шуда ба роҳ даромадем. Харбузаи акаи Олимро медуздем, - гуфт яке аз ҳамсинфонамон. Акаи Олим ҳамроҳаш як саги газанда ва як камони думила дошт. Шаб ниҳоят торик буд, ба полез даромадем. Акои Олим бедор будааст, даромадани моро фаҳмида, ба сӯи осмон як тир холӣ карда, сагашро ба сӯи мо киш-киш дод. Мо саросема шудем, ҳар кас, ҳар чизе, ки ба дасташ афтад, канда гурехтем. Дар поёни деҳа ҷамъ шуда дидем, ки кӣ чӣ овардааст? Чор нафарамон ба ҷои харбуза дутогӣ каду оварда будем, фақат ҳамон кӯри Кенча ду харбузаи калони пухтагӣ оварда буд. Ҳамаамон ба Кенча нигоҳ карда, хандида, гуфтем: - Ту дар шаби торик чӣ хел харбузаро аз каду фарқ кардӣ?

  • Э, ҷӯраҳо, ба ҳамаамон Худо бинӣ додагӣ - гуфт ӯ. Ман ду-сетоашро бардошта бӯй кашидам, фаҳмидам, ки харбуза нею кадуанд, накандам.

Ин ду харбузаро бардошта бӯй кашидам, бӯи хуше ба димогам расид, ҳар дуяшро кандам. Баъд ҳамаамон якҷо нишаста, харбузаҳои Кенчаро кушта шикамсерӣ хӯрдему кадуҳоро дар ҳамон поёни деҳа монда омадем... Аҷаб замоне буд, айёми ҷавонӣ...! Ғиёсиддин Мироҷов ба ҳикояи ин лаҳзаи давраи ҷавонӣ нуқта гузошту хандаи ширине кард.

Дар бинои кӯҳнаи воқеъ дар кӯчаи Парвин 12 Исмоил ном биноси Ғиёсиддин, ки завҷааш мубталои касали талхаю ҷигар буд, тез-тез барои маслиҳату дастур ба назди Мироҷов меомад. Рӯзе ҳамон Исмоил ҳиҷолатмандона ба Ғиёсиддин Қутбиддинович мегӯяд: - Ғиёсиддин, маъзарат мехоҳам, ки шуморо бисёр ташвиш медиҳам, чӣ илоҷ дигар чора надорам. - Ғиёсиддин он замон хеле ҷавон буд. Метавонист ба бинос ҷавоби дагал гардонад, вале хомӯш истод, баъд бо чеҳраи ҷиддӣ ва бо тамкин ба Исмоил гуфт: Шунидаед, ки «дил мекашаду пой меравад», - гуфтаанд. Дигар ин ки, агар беморе аз дасти ман шифо ёбад ва ё дардаш сабук шавад, худамро хушбахт меҳисобам. Чунки ин вазифаи ман аст. Хоҳиш мекунам ба ман чунин суханҳоро нагӯед. Боре аз маҷаллаи «Тандурустӣ» дар бораи муомилаю муносибати духтур ба

пешина
аз 173
навбатӣ