Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа
дигар ӯро аз назар гузаронад. Баъди як моҳ зани касал ҳамроҳи шавҳараш ба наздаш омада миннатдорӣ карданд. Ҳамон лаҳза ҳаяҷон ва эҳсоси хурсадӣ тамоми вуҷуди ӯро фаро гирифта буд.
Чунин лаҳзаҳоро аз фаъолияти корию таҷрибаи зиндагии олим ва табиби ҳозиқ Ғиёсиддин Мироҷов бисёр мисол овардан мумкин аст.
Ғиёсиддин Мироҷов бо ҳамкории устодаш, олими машҳур, академик Ҳомид Мансуров дар шароити собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бори аввал аломатҳои клиникию морфологии фибрози ирсии ҷигар ва намуди тезҷараёнбандии сирози машруботии ҷигарро мавриди тадқиқ қарор доданд. Кофтуков ва тадқиқу таҳлилҳои илмии эшон дар соҳаи фибрози ҷигар дар монографияи «Фиброзҳои ҷигар» соли 2003 ба табъ расид.
Бояд таъкид кард, ки академик Ғ. Мироҷов дар тадқиқу таҳлил ва амалан санҷидани аломатҳои клиникию морфологии давраи навпайдошавии касалиҳои машруботӣ ва вируси ҷигар саҳми арзандае дорад. Ҳамчунин дар омӯзиши аломатҳои афзоиши вируси В, делта (D) ва С дар хун ва бофтаҳои ҷигари беморони гирифтори касалиҳои гепатити давомнок ва сирози ҷигар тадқиқотҳои зиёдеро ба сомон расонидааст.
Ҳангоми бисёр паҳн шудани дистрофияи гелиотропии ҷигар дар як қисми ноҳияҳои вилояти Хатлон Ғиёсиддин Мироҷов ба омӯзишу таҳқиқи ин беморӣ ба таври ҷиддӣ машғул гардид ва собит кард, ки гелиотрин захрест, ки он тавассути рагҳои хунгард бештар ба ҷигар таъсири манфӣ мерасонанд.
Ин бозёфтҳо ва тадқиқотҳои илмӣ, ки (касалии Мирочник-Мансуров) номгузорӣ шудаанд, бо ҳаммуаллифии Ҳ. Ҳ. Мансуров ва Ф. Мансурова дар монографияи «Гепатоангиопатияи гелиотропӣ» чоп шуда, муаллифон сазовори ҷоизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Е. Н. Павловский дар соли 2003 дониста шудаанд.
Ғиёсиддин Мироҷов муаллифи қариб 300 мақолаи илмию тадқиқотӣ ва монография мебошад. Таҳти роҳбарии ӯ 15 кас рисолаи номзадӣ ва 4 кас рисолаи докторӣ дифоъ кардаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё