Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Шарҳси бемор мақолаеро мутолиа карда будам. Он ҷо як мисоле оварда шуда буд, ки яке аз терапевтони машҳури рус гуфтааст, ки муомилаи хуб ва сухани нағзи духтур барои бемор аз ҳар гуна доруи қиматбаҳо шифобахштар аст. Бале, Ғиёсиддин Қутбиддинович аз зумраи чунин табибонест, ки бо муомилаи ҳалимона, сухани ҳакимона ба дарди бемор шифо мебахшад.

Духтурону мутахассисон баъзан дар шаҳру ноҳияҳои дурдаст барои касалиҳои вазнинро дидан тавассути авиацияи санитарӣ рафта, беморонро муоина ва муолиҷа мекунанд. Ғиёсиддин Қутбиддинович аксар вақт тибқи маълумотҳои гирифтааш мебинад, ки дар кадом шаҳру ноҳия ва маҳалле, ки мубталои касалиҳои талҳадону ҷигар бештар хурӯҷ доранд, ихтиёран ба он маҳалҳо рафта бо духтурҳо сӯҳбатҳо мегузаронад ва ба онҳо дастурҳо медиҳад.

Боре ӯ фаҳмид, ки дар ноҳияи Куйбышев (ҳозира А. Ҷомӣ) ба касалии талҳадону ҷигар шахсони зиёде гирифтор шудаанд. Вай ин ҳолатро шунида беқарор шуд, чунки мегӯянд, ки дарди бемор дарди духтур аст. Рӯзи дигар бо мошин роҳи ин ноҳияро пеш гирифт. Ба вай ҷавонзанеро нишон додаанд, ки аз хориши бадан як ҳафта боз на шаб хоб кардаасту на рӯз, духтурҳои ноҳия ягон илоҷашро наёфтаанд. Ғиёсиддин Мироҷов бо ташхису санҷишҳои духтурҳо шинос шуда бо бемор низ сӯҳбат мекунад, баъд ба бемор як-ду дору таъин карда мегӯяд, ки шаб пеш аз хобаш қабул кунад.

Пагоҳӣ Ғиёсиддин аҳволи беморро фаҳмидан меояд, дардманд аз хурсандӣ дастони духтурро мебӯсад. «Илоҳим дастони шифокоратон дардро набинанд, Худоё аз фарзандатон баракат бинед, имшаб ниҳоят ором хоб кардам, хаёл мекунам, ки умуман дар баданам ягон дарде нест». Маълум шуд, ки ҷигараш каме иллат пайдо кардааст. Вақте ки дар ҷигари инсон иллати нав пайдо шавад, тамоми бадани ӯро хориш фаро мегирад, мегӯяд духтур. Агар бо тезӣ пеши роҳи онро нагиранд, ба сирроз – ё ки касалии саратон печиданаш мумкин.

Пайдошавии ин бемориро на ҳамаи духтурҳо, алалхусус табибони ҷавону камтаҷриба дар вақташ муайян карда метавонанд.

Баъд ба духтури табобатмекардагиаш доруҳо ва ҷадвали табобатиашро навишта дод ва хоҳиш кард, ки табобаташ, ки анҷом ёфт, беморро ба Душанбе назди ӯ биёранд, то ки бори

пешина
аз 173
навбатӣ