Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа
таҳсилити ҳамагонӣ мебошад. Дар ин мактабҳо шумораи калони хонандагон дучори бемориҳои зиёде мешаванд.
Дар замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар мактабҳо ҳар рӯз як карат хӯроки гарми бепул дода мешуд. Ҳамон анъанаи некро барқарор мекарданд, кори савобе мешуд.
Академик Ғиёсиддин Мироҷов дорои дили бузург ва фарҳанги баланде мебошад. Мақсади ниҳоии ӯ ба Ватан, ба миллаташ хизмати софдилона кардан аст. Ин аст, ки мухлисони сершуморе, ки аз Хатлону Бадахшон, аз Ҳисору Зарафшон хуллас аз тамоми гӯшаю канори мамлакатамон бо саволҳои гуногун ба назди ин табиби меҳрубону олими бузург меоянд, ба дардашон даво меёбанд.
Вақте ки расми Ғиёсиддин Қутбиддиновичро ба Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб нишон дода аз ӯ пурсидам, ки ҳамин касро мешиносед? Ӯ дар ҷавоб гуфт: - Ин инсони бузург аст, ҷони одам аст, вориси ҳақиқии Синост! Ва ӯ васфаш чунин кард:
Дар кӯи вафову меҳр манзил дорӣ,
Дар ҳар қадам осонгарӣ мушкил дорӣ.
Ҷӯй ҳама умр роҳи дармони ҷигар,
Ҷо лек ба хонаи ҳама дил дорӣ.
Ҷаҳони маънавии академик Ғиёсиддин Қутбиддинович аз ҳар ҷиҳат ғанӣ ва рангин аст. Вай ҳам дар соҳаи физикаю математика, таърих, фалсафа, филология маълумоти саҳеҳ дорад. Дар ҷамъомаду шабнишиниҳо суханашро бо ғазалҳои Саъдию Ҳофиз, Ҳилолию Ҷомӣ, Хайёму Румӣ равнақ мебахшад. Дар чунин лаҳзаҳо Ғиёсиддин Мироҷов муаллими забон ва адабиёташ (равоншод) Мадалӣ Саидовро бо некӣ ёд мекунад.
Маҳз ӯ ба адабиётдӯстию ба ҷаҳони шеър ворид шуданро ҳидояташ кард. Ӯ табъи шоирӣ ҳам дорад, дар мавзӯҳои ишқу ошиқӣ, тинати поки инсонӣ шеърҳо гуфтааст.
Бигузор фаъолияти илмию амалии ин олими нуктасанҷ, инсони ғамхору мушфиқ, табиби борикфаҳм ҳамеша бобарору пурмаҳсул ва садои шеъру суруд ҳамрадифи зиндагиаш бошад!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё