Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

«...БО ИФТИХОР МЕГУЯМ, КИ МАН ТОҶИКАМ»

Панҷ дақиқа пеш аз оғози маҷлиси созмони ҳизбии редаксия марди чорпаҳлӯи серабрӯву мижа, ки тахминан панҷоҳ сол дошт, вориди утоқи кории сармуҳаррир Шодӣ Саидов гардид ва рафта дар бари ӯ нишаст. Котиби созмони ҳизбии редаксия Теша Раҷабов ҷаласаро ифтотоҳ карда, рӯзномаи онро қироат намуд: «Ахлоқи сиёсии коммунист Михаил Даниелов». Ӯ котиби масъул ва аъзои ҳайати таҳририяи рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» («Ҷумҳурият») буд ва оилаи хоҳараш худсарона Тоҷикистонро тарк намуда ба Изроил ҳиҷрат карда буд. Ана барои ҳамин коммунистон мехостанд, ки М. Даниелов дар маҷлис хеста, хоҳарашро маҳкум кунад, аз вай рӯ гардонад, узр хоҳад, вале ӯ якравию гарданкашӣ карда, ин корро намехост. Муҳокима дар атрофи ин масъала тӯл кашид, охир таклиф шуд, ки ба ӯ танбеҳи қатъӣ дода, ба карточкаи ҳизбиаш навишта шавад. Ин таклифро котиб хост, ки ба овоз монад, вале марди ба ман ношинос даст боло карда, сухан гирифт ва моҳияти масъаларо як-як кушода дод ва пешниҳод кард, ки М. Дониелов аз сафи ҳизб хориҷ ва аз кор озод карда шавад. Ба тарафдории ин таклиф ҳамаи коммунистон овоз доданд, чунки сиёсати ҳамондавр ҳаминро тақозо дошт.

Баъди маҷлис ман аз мудири шуъбаи адабиёт ва фарҳанги редаксия Асадулло Саъдуллоев пурсидам: - Ин марде, ки ба таклифаш овоз додем, аз райком аст, ё горком? - На аз ину на аз он гуфт ӯ.

  • Ин кас хабарнигори рӯзномаи «Правда» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғоиб Қаландаров мебошад ва дар қайди ташкилоти ибтидоии ҳизбии редаксия аст.

Ҳарчанд ки ман аз саҳифаҳои рӯзномаи «Правда» очерку лавҳа ва гузоришҳои пурмазмуни ӯро мутолиа карда, бо номаш шинос будам, бо худаш бори аввал соли 1973, ки аз телевизион ба редаксия ба кор рафта будам, шинос шудам. Аз байни муддате сипарӣ шуд, Шодӣ Саидовро раиси Госкинои Тоҷикистон таъин карданд ва сармуҳарририи рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» ба дӯши Ғоиб Қаландаров гузошта шуд. Шодравон Отахон Латифӣ, ки нав мухбири рӯзномаи «Правда» дар Тоҷикистон таъин шуда буд, дар як ҷамъомади рӯзноманигорони редаксияи «Тоҷикистони советӣ» иштирок карда, тӯҳфаҳои қиматбаҳоро аз номи роҳбарияти рӯзномаи

пешина
аз 173
навбатӣ