Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

Ҷузҷонӣ: «Асирони мусулмон ба дасти куффор чапдон буданд,
ки барои хоссаи Чингизхон 1200 духтар... бо худ мебурданд».
«Табақоти Носирӣ».

САМАРҚАНД ЧӢ ГУНА
ФАТҲ ГАРДИД?

Чингизхон баъди забти Бухоро баҳори соли 1220 сӯи Самарқанд ҳамла оварда, шаҳрро муҳосира намуд. Лашкари Муҳаммад Хоразмшоҳ рӯзи сеюми муҳосира аз истеҳқоми даруни шаҳр баромада, ба душман ҳамлавар шуданд.
Онҳо миқдоре сипоҳиёни муғулро кушта, ба ақибнишинӣ водор намуда бошанд ҳам, дертар худашон ба иҳотаи душман афтода, қисман нобуд шуданд. Аъёну ашроф ва рӯҳониёни бонуфузи шаҳр аз ин ҳуҷуми бебарор истифода карда, қозӣ ва шайхулисломро ба назди Чингизхон фиристоданд, то ки Самарқандро барояш таслим намояд. Субҳи дигар онҳо дарвозаҳои шаҳрро ба рӯи муғулҳо кушоданд ва лашкари сершумори Чингизхон ба қатли ом ва ғоратгарӣ шурӯъ намуданд.

ЗАБТИ САМАРҚАНД
БО ЧӢ АНҶОМИД?

Дар натиҷа бештар аз 70 ҳазор кас дар Самарқанд кушта шуда, сӣ ҳазор нафар косибону ҳунармандон асир афтоданд ва тақрибан 200 ҳазор нафарро чун ғулом барои кору ҳашар гирифтанд. Баъди фатҳ шудани Самарқанд Муҳаммад Хоразмшоҳ рӯ ба фирор ниҳода, дар қисматҳои ғарбии сарзаминаш паноҳ бурд ва дар яке аз ҷазираҳои баҳри Каспий аз тарсу ҳарос бимурд.

пешина
аз 395
навбатӣ