Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

МАҚБАРАИ АБДУЛЛОҲИ ВАЛИ

Мақбараи орифи шаҳири асри XIV Абдуллоҳи Валӣ дар маркази деҳаи Ревади ноҳияи Айнӣ ҷой гирифтааст. Он аз айвон ва гӯрхона иборат аст. Дар назди оромгоҳ масҷиди Абдуллоҳи Валӣ амал мекунад, ки бо санъати хоссаи ороишӣ сохта шудааст. Мақбара ва масҷид ба асри XIX мансуб мебошанд.

Мазори Бурхи Сармасти Валӣ дар Сангвор.

МАҚБАРАИ БОБО-ТАҒО

Мақбара мансуб ба асри XV буда, дар қисми шимолу ғарбии шаҳри Истаравшан воқеъ аст. Он бинои чоркунҷаи начандон бузурги гунбаздор буда, аз зиёратхона ва гӯрхона иборат мебошад. Мақбара аз хишти пухта сохта шудааст. Дар асри XIX дар пеши намои мақбара айвони васеъ сохтаанд, ки дорои чаҳор сутун ва сақфи кандакорӣ мебошад.

Мақбараи Абдуллоҳи Валӣ.

Мақбараи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар Панҷруд.

Мазори Султон Увайси Қаранӣ дар Ховалинг.

пешина
аз 395
навбатӣ