Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

МаърифатНаврасонКӯдакон
Аз аввал хондан

МАСҶИДҲО

Масҷид аз калимаи арабӣ саҷда ё суҷуд гирифта шуда, маънояш саҷдагоҳ аст. Гузаштагони мо 14 аср пеш, то ҷоришавии ислом дар остонҳо, маъбадҳо, оташкадаҳо ба Яздон саҷда мекарданд. Баъди ҷоришавии ислом дар саросари кишварҳои мусулмоннишин, аз ҷумла Мовароуннаҳр масҷидҳо сохта шуданд. Масҷид дар ҷаҳони ислом макони ибодат ва омӯзиш мебошад. Нахустин масҷиди исломӣ - Масҷиди Муҳаммад (с) ё Масҷиди Набавӣ дар Мадина буд. Дар замони ҳозира яке аз масҷидҳои муътабар Масҷиду-л-Ҳаром дар Макка мебошад.

Масҷиди Набавӣ дар Мадина.

МАСҶИДУ-Л-ҲАРОМ

Масҷиду-л-Ҳаром яке аз ҷойҳои муқаддастарин барои мусулмонон буда, бо номи «Ҳарами Байтуллоҳ» («Хонаи муқаддаси Худо») низ машҳур аст. Ҳар сол аз саросари олам садҳо ҳазор нафар мусулмонон маросими ҳаҷро дар он ҷо ба ҷо меоранд. Он дар шаҳри Маккаи Арабистони Саудӣ воқеъ аст. Масҷиду-л-Ҳаром аз ҷиҳати масоҳат (309 км²) бузургтарин буда, 9 манора, 3 дарвозаву 48 дар (даромадгоҳ) дорад ва дар як вақт беш аз 700 ҳазор намозгузорро қабул карда метавонад.
БУЗУРГТАРИН МАСҶИДҲОИ ОЛАМ

Бузургтарин масҷидҳои олам Масҷиду-л-Ҳаром дар Макка (барои зиёда аз 700 ҳазор намозгузор), Масҷиди Муҳаммад дар Мадина (барои беш аз 600 ҳазор намозгузор), Масҷиди Шайх Файсал дар наздикии шаҳри Исломободи Покистон (барои зиёда аз 300 ҳазор намозгузор) мебошанд. Масҷиди бо усули «модерн» сохтаи ҲАСАНИ II дар Касабланка (Марокко), ки баландии манорааш 210 м аст, низ бузургтарин масҷиди олам ҳисоб меёбад. Он дар як вақт 105 ҳазор намозгузорро қабул мекунад.

ЗЕБОТАРИН МАСҶИДҲОИ ОЛАМ

Масҷиду-л-Ҳаром (Макка), Масҷиди Муҳаммад (Мадина), Масҷиди Кул Шариф (Қазон), Масҷиди Сулаймон (Истамбул), Масҷиди шайх Зайд ибни Султон ан-Наҳян (Абузаби), Масҷиди Ҳасани II дар Касабланка, Масҷиди Мавлоно дар Роттердам (Нидерландия), Масҷиди Қалби Чечен дар Грозний аз ҷиҳати меъморӣ зеботарин масҷидҳои олам мебошанд.

пешина
аз 395
навбатӣ