Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

Ҳаҷдаҳ аср ин ёдгории беназир барҷо буд ва мардуми кишварҳои Машриқу Мағрибро ба тимсоли мӯъҷизавиаш ба ҳайрат меафканд. Ибтидои асри XV ҳангоми тохтутози аҳли салиб Оромгоҳи Мавсол сахт осеб дид. Муътақидони равияи нави дини насронӣ дар харобаҳои шаҳри Ҳаликарнас ба бунёди қалъаи устувору дастнораси Пётр пардохтанд ва шоҳсутуну ҳайкалҳои гаронбаҳои Оромгоҳи Мавсолро шикаставу канда ба сифати масолеҳи сохтмон ба кор бурданд. Оромгоҳро насрониён саросар ғорат ва хароб карданд. Соли 1522 туркҳои Усмонӣ мавқеи салибдоронро танг карда, қалъаи Пётр ва боқимондаи Оромгоҳро аз байн бурданд.

Оромгоҳ дар болои теппае аз мармари сафед бино гардида, аз чор самти шаҳр чор тарафи бо шоҳсутунҳо ороёфтааш диққати бинандаро ба худ мекашид. Дар дӯши ҳирам аз чаҳори тараф сиву шаш сутуни сафеди мармарин қад афрохта буд, ки бори сақфи ҳарамшаклро мебардоштанд. Дар болои бом як аробаи дучарҳае устувор буд, ки қутри чархҳояш ба 3,8 м мерасид ва чор аспи бадҳашмаш бо тамоми ҳастӣ «метохтанд». Ҷои савор холӣ буд ва ин рамзи онро дошт, ки соҳиби он ароба дигар дар қайди ҳаёт нест. Баландии оромгоҳ ба 46 м мерасид ва масоҳати дарозиву бараш 77,5х66 м буд. Дар дохили оромгоҳ дар миёни шонздаҳ сутун муҷассамаи Мавсол ва Артемисия сохта шуда буд, ки андозаашон аз пайкари одамӣ ду баробар бузургтар буд.

пешина
аз 395
навбатӣ