Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
ПАРОКАНДАГИИ САРЗАМИН
ВА ХАЛҚИ ТОҶИК
БУЗУРГТАРИН ПОРАШАВИҲОИ
ХАЛҚИ ТОҶИК КАДОМҲО БУДАНД?
Пас аз он, ки дар аҳди Сомониён халқи тоҷик пурра ташаккул ёфт ва сарзамини васееро дар ихтиёр гирифт ва ба яке аз халқиятҳои бузургтарини олам табдил ёфт, бо шикаст хӯрдани давлати Сомониён аввалин порашавии ин миллат рух дод. Қисматҳои шарқии ҳудуди он ба дасти Қарохониён, марказу ҷануб ба дасти Ғазнавиён ва ғарби он ба ихтиёри Бувайҳиён гузашт.
Яъне, халқи тоҷик дар ҳудуди аҷдодии худ дар се давлат тақсим шуд. Дуввум, дар аҳди муғул буд, ки бештар аз даҳ миллион ба қатл расид, садҳо шаҳру деҳот ба хок яксон ва мардуми тоҷик дар ҷаҳон (аз Осиёи Хурд то Ҳиндустон) парешон шуд. Порашавии севвум ва бузургтарин дар ибтидои асри XVI буд, ки дар натиҷаи падид омадани ду давлати гуногунмазҳаб – Сафавиён дар ғарб ва Шайбониён дар шарқи Эронзамин сурат гирифт, ки халқи тоҷикро ба ду қисмати бузург ҷудо кард.
Чаҳорум, ба дасти Россия ва Англия рӯди Ому ҳамчун сарҳадди миёни Афғонистону Осиёи Миёна ҷудо карда шуд. Панҷум, ҳангоми тақсимоти маъмурии Осиёи Миёна қисмати бузурги тоҷикони минтақа бо шаҳрҳову деҳаҳои мутааддадашон ба ихтиёри Ўзбекистон дода шуд. Ҳамин тавр, тоҷикон аз сарзамини бузурги таърихии худ ҷудо шуда, танҳо дар як қисмати хурди он бо номи Тоҷикистон ҳамчун соҳибдавлат боқӣ монданду халос. Тоҷикони берун аз Тоҷикистон агарчи чандин маротиба бештаранд, вале акнун соҳиби давлати миллӣ нестанд.
Сулолаи Пешдодиён қадимтарин подшоҳони нимривоятию нимтаърихии аҳди қадими ориётаборон мебошанд. Ибни Балхӣ ва дигар муарриҳони форс-тоҷик даврони подшоҳии Пешдодиёнро 2500 сол қаламдод намудаанд. Пешдодиён нахустин подшоҳони додгустар, адолатпеша ва қонунпарвар буда, барои ойини додрасию риояи адолат онҳоро пешдодӣ, яъне додрасони нахустин номидаанд. Дар даврони подшоҳии сулолаи Пешдодиён ниёғони мо тарзи зиндагии ваҳшигӣ ё ҷомеаи ибтидоиро паси сар намуда, падидаҳои тамаддун ва давлатдориҳои нахустинро бунёд гузоштанд. Китоби Авесто аз 7 нафар подшоҳони пешдодӣ, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва «Форснома»-и Ибни Балхӣ аз 10 нафар подшоҳони пешдодӣ ёдовари кардаанд, ки дар миёни онҳо Ҳушанг, Таҳмурас, Ҷамшед, Фаридун, Манучеҳр ва Гаршосп нуфузи бештар доранд.
Ҳушанг набераи Каюмарс ва дуюмин подшоҳи сулолаи Пешдодиён буда, 40 сол ҳукмронӣ намудааст. Маънои калимаи Ҳушанг «бахшандаи зиндагии осоишта» мебошад. Ҳушанг дар атрофаш қавму қабилаҳои парокандаи ориёиро гирд оварда, ба мардум тарзи афрӯхтани оташро омӯзонд ва ҷашни Садаро бунёд гузошт. Дар замони подшоҳии ӯ одамон пухтани хӯрок, сохтани бошишгоҳ ва истифодаи пӯсти ҳайвонотро ҳамчун либос омӯхтанд. Онҳо инчунин аспу уштурро ром карда, боркашонию кор фармудани чорпоёнро аз худ карданд. Кишоварзӣ низ пеш рафта, истифодаи сипор ва барзаговро барои киштукор ва зироаткорӣ ёд гирифтанд.
ОЁ ТАҲМУРАС АҲРИМАНРО АСИР
ГИРИФТААСТ?
Таҳмурас яке аз подшоҳони номдори сулолаи Пешдодиён мебошад, ки сӣ сол ҳукмронӣ карда, дар диёри Балх дафн шудааст. Ӯ таҳамтан ва паҳлавони зирак буда, силоҳсозиро бар зидди девону душманон ба мардум омӯзондааст. Бо дасти худ беш аз 1400 деви бадманишро кушта, истифодаи хатро аз девон омӯхтааст. Таҳмураси девбанд гӯё Аҳриманро солҳои дароз дар асорату бандагӣ нигоҳ медошт ва ҳар рӯз бар пушти ӯ савор шуда, гирди ҷаҳон мегашт. Саранҷом Аҳриман бо ҳилае Таҳмурасро аз пушташ дар кӯҳи Албурз афканд ва ӯ ҳалок шуд. Дар аҳди подшоҳии Таҳмурас мардум пашмресӣ, матоъбофӣ, ром кардани чорпоёну парандагонро омӯхта, ҳунари силоҳсозӣ ва гудохтани оҳанро низ аз бар намуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё