Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

ТАШАККУЛИ
ХАЛҚИ ТОҶИК

ДА Р АСРҲОИ МИЁНА
КИҲОРО «ТОҶИКОН»
МЕГУФТАНД?

Дар асрҳои миёна тамоми мусулмонони форсизабонро «тоҷик» мегуфтанд. Дар тамоми маъхазҳои илмӣ ва таърихӣ мардумоне, ки дар Эронзамин ғайри турку араб буданд, «тоҷик» номида мешуданд. Ватангоҳ ва ҷои сукунати доимии онҳо дар ҳудуди Осиёи Марказӣ ва тамоми Эрону Афғонистони кунунӣ буд. Дар маҷмӯъ эронитаборони мусулмони форсизабон бо номи умумии «тоҷикон» шинохта мешуданд.

ХАЛҚИ ТОҶИК АЗ КАДОМ
МАРДУМОН ВА ЧӢ ГУНА
БА ВУҶУД ОМАД?

Дар натиҷаи дар давлатҳои худӣ (Тоҳириён, Саффориён ва Сомониён) муттаҳид шудани мардумони эронитабор (суғдиён, бохтариён, фарғониён, гузгониён, хоразмиён, сиистониён, ҳиравиён, ғазнавиён, мозандарониён, форсҳо, яздиён, кирмониён ва ғайра), ба забони ягонаи хаттӣ ва шифоҳӣ (форсии дарӣ) ворид шудан ва гаравидан ба дини ягона (ислом) халқи бузурге бо номи «тоҷик» ба вуҷуд омад, ки тамоми ҳудуди Эронзамини таърихиро дар бар мегирифт.
Мухтасаре дар шинохти асли тоҷикон

ИСТИЛОҲИ «ФОРС-ТОҶИК» ЧИ МАЪНО ДОРАД?
Истилоҳи «форс-тоҷик» барои бузургони тамаддуни Эронзамин ва берун аз он, ки дар асрҳои миёна бо забони форсӣ эҷод кардаанд, ба кор бурда мешавад. Аз он сабаб, ки дар гузашта тамоми форсизабонони эронитабор бо номи «тоҷик» шинохта мешуданд, донишмандони шӯравӣ ва тоҷик (аз ҷумла, Бертелс, С.Айнӣ ва дигарон) ин истилоҳро барои онон пазируфтанд. Ва он аз ҷиҳати илмӣ ба исбот расида ва қабул шудааст. Бинобар ин ҳар истилоҳи дигаре, ки барои ифодаи «форс-тоҷик» ба кор бурда мешавад (аз ҷумла, «форсии тоҷикӣ» ё «тоҷикии форсӣ») ғалат ва ғайриилмӣ аст.

БУЗУРГТАРИН ШАҲРҲОИ ТОҶИКНИШИН ДАР АСРҲОИ МИЁНА КАДОМҲО БУДАНД?
Хуҷанд, Самарқанд, Бухоро, Тирмиз, Марв, Балх, Бомиён, Кобул, Ғазна, Буст, Ҳирот, Нишопур, Тус, Рай, Ҳамадон, Шероз, Язд, Кирмон, Қазвин, Табрез.

пешина
аз 395
навбатӣ