Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

КУРУШИ КАБИР

Бунёдгузори давлати Ҳахоманишиён Куруши II Кабир мебошад, ки ҳукмронии вай ба солҳои 558–530 то милод рост меояд. Куруши Кабир ба қавли файласуфи немис Гегел бузургтарин ҳукмрони сулолаи Ҳахоманишиён буда, нахустин империяи бузург ва мутамаддини аҳди қадимро дар таърихи башарият бунёд гузоштааст. Ӯ бо иродаю матонати шикастнопазир қавмҳои парокандаи ориёитаборро дар давлати мутамаркази Ҳахоманишиён муттаҳид месозад. Куруш соли 546 то милод Лидия ва давлатҳои юнонии Осиёи Хурд ва байни солҳои 545–539 то милод Марғиён, Хоразм, Суғд, Бохтар, Арея, Гедросия, Гандхара, Арахосияро зери тасарруфи худ даровард. Дертар, соли 539 Бобилистонро низ забт намуда, унвони «шоҳи Бобил ва шоҳаншоҳи дигар мамлакатҳо»-ро гирифт.
ЭЪЛОМИЯИ ҲУҚУҚИ БАШАРИ КУРУШИ КАБИР
Инак, бо ёрии Маздо тоҷи салтанати Эрон, Бобил ва кишварҳои чаҳоргонаро бар сар гузоштам, эълом мекунам, ки:

  • То рӯзе, ки зинда ҳастам ва Маздо подшоҳиро ба ман армуғон мекунад, кешу оин ва боварҳои мардумонеро, ки ман подшоҳи онҳо ҳастам, гиромӣ бидорам ва нагузорам, ки фармонфармоён ва зердастони ман кешу оин ва дину равиши мардумони дигар, паст бидоранд ё онҳоро биёзоранд.
  • Ман, ки имрӯз афсари подшоҳиро бар сар ниҳодаам, то рӯзе зинда ҳастам ва Маздо подшоҳиро ба ман арзонӣ карда, ҳаргиз фармонравоии худро бар ҳеҷ мардуме на ба зӯр таҳмил накунам ва дар подшоҳии ман ҳар миллат озод аст, ки маро ба шоҳии худ бипазирад ё напазирад ва ҳар гоҳ нахоҳад, маро, ки подшоҳи Эрону Бобил ва кишварҳои чаҳоргона ҳастам, озод аст.
  • Нахоҳам гузошт, ки касе ба дигаре ситам кунад ва агар касе нотавон буд ва бар ӯ ситам рафт, ман аз вай дифоъ хоҳам кард ва ҳаққи ӯро гирифта бозпас хоҳам дод ва ситамкоронро ба ҷазо хоҳам расонид.
  • Ман то рӯзе, ки подшоҳ ҳастам, нахоҳам гузошт, ки касе молу амволи дигареро бо зӯр ва ҳар равиши нодурусти дигаре аз ӯ бидуни пардохти арзиши воқеии он бигирад.
  • Ман то рӯзе, ки зинда ҳастам, нахоҳам гузошт касеро ба бегорӣ бигиранд ва ба ӯ музд напардозанд.
  • Ман эълом мекунам, ки ҳар кас озод аст, ҳар дину оинро, ки майл дорад, баргузинад ва дар ҳар ҷо, ки мехоҳад, сукунат намояд ва ҳар гуна, ки муътақид аст ибодат кунад ва муътақидоти худро ба ҷо оварад ва ҳар касбу кореро, ки мехоҳад, интихоб намояд, танҳо ба шарте, ки ҳаққи касеро поймол нанамояд ва зиёне ба ҳуқуқи дигарон ворид насозад.
  • Ман эълом мекунам, ки ҳар кас посухгӯи аъмоли худ мебошад, ҳеҷ касеро набояд ба ангезаи ин, ки яке аз бастагонаш хилоф кардааст, муҷозот кард ва агар аз дудмони ӯ хонаводае хилоф кард, танҳо ҳамон кас ба ҷазо бирасад ва ба дигар мардумону хонавода коре нест.
  • То рӯзе, ки ман зинда ҳастам, нахоҳам гузошт, ки мардон ва занонро ба номи барда ва канизӣ ва номҳои дигар бифурӯшанд ва ин расми зиндагӣ бояд аз гетӣ раҳм барбандад, аз Маздо мехоҳам, ки маро дар тааҳҳудоте, ки нисбат ба мардумони Эрон ва мамолики чаҳоргона гирифтаам, пирӯз гардонад.
    УСТУВОНАИ КУРУШРО НАХУСТИН
    ЭЪЛОМИЯИ ҲУҚУҚИ БАШАР
    МЕШУМОРАНД?

Куруши Кабир ҳомии ростиву адолат, озодии дину мазҳаб ва баробарҳуқуқии мардумони сарзаминаш буда, Устувонаи ӯро нахустин Эъломияи ҳуқуқи башар эътироф кардаанд. Дар Эъломия эҳтироми ҳуқуқи инсон, озодии мазҳабу эътиқод ва ҳифзи дороии шаҳрвандон сабт аст.
Яке аз нусхаҳои Устувонаи Куруш алҳол дар Осорхонаи Британия маҳфуз мебошад.

ТОМИРИС КИ БУД?
Томирис подшоҳи массагетҳо буда, ба ҷои шавҳараш Аморгес, ки аз ҷониби Куруш кушта шуда буд, ба маснади шоҳӣ мешинад.
Куруш бо баҳонаи марзҳои кишварашро шикастани Сипаргаписи писари Томирис ба сарзамини массагетҳо лашкар накашад Сипаргаписи камтаҷриба асир меафтад ва ночор худро мекушад. Томирис барои қисоси писараш лашкари Курушро сӯи биёбони паҳновар мекашад. Куруш дар биёбони сӯзону беоб аз ғояти гармию ташнагӣ қисми зиёди лашкарашро аз даст дода, дар муҳорибаи охирини зидди Томирис кушта мешавад.

пешина
аз 395
навбатӣ