Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

ЛАШКАРКАШИҲОИ КАБУЧИЯ
ВА ДОРИЮШИ КАБИР

Кабучия яке аз намояндагони сулолаи Ҳахоманишиён буда, баъди падараш Куруши Кабир солҳои 530—522 то милод давлатдорӣ кардааст. Ӯ табиатан шахси кинаварзу дарундор буда, барои тоҷу тахт ҳатто бародараш Бардияро мекушод. Кабучия солҳои 527-525 ба Миср лашкар кашида, онро фатҳ намуд ва чун фиръавни Миср эътироф гардид.

КИШВАРКУШОИҲОИ КАБУЧИЯ
БО ЧӢ АНҶОМИД?

Ҳангоми кишваркушоиҳои минбаъда дар поёноби дарёи Нил сӯи Ҳабашистон (Куш) лашкар кашида, бар асари офатҳои табиӣ қисми зиёди сипоҳашро талаф медиҳад. Кабучия ҳангоми табаддулоти ниҳонии Гаумата, ки соли 522 худро Бардияи писари Куруш ва подшоҳи мулк хонда буд, ҳангоми бозгашт ба сӯи Экбатана (Ҳамадон) нобуд мешавад. Баъди марги фоҷиавии Кабучия Гауматаи муғ тақрибан ҳафт моҳ подшоҳӣ карда, сипас аз ҷониби Дориюши Кабир ва дигар ашрофи бонуфузи Порс кушта мешавад.

ДОРИЮШИ КАБИР (ДОРОИ І) ЧӢ ТАВР
БА САРИ ТАХТ ОМАД?

Дориюши Кабир шоҳаншоҳи машҳури сулолаи Ҳахоманишиён аст, ки баъди сарнагунсозии Гаумата солҳои 522-486 то милод давлатдорӣ кардааст. Ҳангоми давлатдории Доро дар саросари кишвар, аз ҷумла Бобил, Мод, Марғиён, Порт ва ғайра ошӯбҳо сар зада, ӯ тайи ду сол даҳҳо ошӯбҳоро саркӯб месозад.
Бо мақсади устувор намудани ҳокимияти марказӣ Дориюши Кабир ислоҳоти иқтисодӣ, маъмурӣ, андозситонӣ ва низоми лашкардorӣ карда, кишварашро ба 22 сатрапи (вилоят)-ҳо тақсим намуд. Мувофиқи ислоҳоти Дориюши Кабир барои идоракунии ҳар як вилоят се амалдори воломақом – волӣ, девондори шоҳ ва сипаҳсолор таъин мегардид, ки онҳо ба ҳокимияти марказии шоҳаншоҳ итоат мекарданд. Дар замони ҳукмронии Дориюши Кабир роҳҳои алоқа фаъол буданд. Номаҳои расмӣ ва амру фармонҳои фаврӣ бо шарофати роҳҳои мусоид се маротиба зудтар мерасиданд.

Дориюши Кабир нахустин касест, ки канали Суэсро канда, баҳри Миёназаминро бо баҳри Сурх пайваст намуд ва роҳҳои киштигардиву тиҷоратро вусъат бахшид. Дар аҳди ӯ инчунин пули тилоие бо номи «дорик» сикка зада шуд, ки нерӯи иқтисодӣ ва нуфузи давлатдориро дучанд меафзуд.

пешина
аз 395
навбатӣ