Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

НаврасонКӯдаконМаърифат
Аз аввал хондан

Дар оғози ҳукмронии Ардашери II (404-360) бародараш Куруши III барои рабудани тахту тоҷ ба ҷони ӯ сӯиқасд намуд. Аммо бо даҳолати модар ӯ бародарашро ҷазо надода, ҳокими Осиёи Хурд таъйин кард. Дертар, Куруши III дубора ошӯб бардошта, соли 401 то милод чандин ҳазор сарбози зархариди юнониро ба муқобили Ардашер овард. Дар муҳорибаи байни ду бародар Куруши III кушта шуд ва беш аз 10 ҳазор сарбози зархариди юнонӣ ночор ба ватан бозгаштанд.
Ҳангомаи муҳорибаи ду бародар ва бозгаштани сарбозони юнониро Ксенофонти юнонӣ дар асарҳояш «Анабасис» ва «Киропедия» овардааст.

Яке аз шоҳаншоҳони сулолаи Ҳаҳоманишиён, Ардашери III буда, солҳои 359-338 то милод давлатдорӣ кардааст. Ӯ табиатан марди маккору кинаварз ва қисосгир буда, дар оғози ҳукмрониаш қариб 14 бародарашро дар Кушки Гардони Ҳамадон ба об ғарқ карда куштааст, то ки дар оянда даъвогари тоҷу тахт нашаванд. Ардашери III дар миёни давлати Мақдуния ва давлатҳои Афина, Спарта ва Фив низоъ ангехта, барои муқобилияти онҳо бар зидди Файлақуси Мақдунӣ кӯмак менамояд. Оқибат Ардашери III аз ҷониби хоҷасарояш Боҳуй кушта мешавад.
Давлатҳо ва сулолаҳои бузурги эронӣ

ЧАРО ДАВЛАТИ ҲАХОМАНИШИЁН
ЗАВОЛ ЁФТ?
Дорои III (336–330 то милод) охирин шоҳаншоҳи сулолаи Ҳахоманишиён мебошад, ки бо пуштибонии Боҳуй ном хоҷасарой ба тахт нишастааст. Ӯ ҳамзамони Искандари Мақдунӣ буда, ҳангоми лашкаркашиҳои соли 331 то милод дар муҳорибаи Гавгамел шикасти мудҳиш хӯрд ва аз майдони набард фирор намуд. Пас аз ин Дорои III аз Персеполис ба сӯи Экбатана ва сипас Бохтар ҳаракат намуда, дар нимароҳ аз ҷониби сатрапи Бохтар Бесс ва ҳамсафонаш кушта шуд. Искандари Мақдунӣ баъди Дорои III қаламрави паҳновари Ҳахоманишиёнро забт намуда, ба ҷои он империяи бузурги Мақдуниёнро бунёд гузошт.
ДАВЛАТИ ПОРТ
(АШКОНИЁН)

Давлати Порт тақрибан соли 256 то милод баъди суст шудани нуфузи Селевкиён падид омада, то соли 224 милодӣ, яъне 480 сол вуҷуд доштааст. Давлати Портро сарвари қабилаи муттаҳидаи парнҳо ва доиҳо Аршак ё Ашк таъсис додааст, ки дертар бо номи сулолаи Ашкониён машҳур гаштааст. Аз рӯи пиндори баъзе таърихнигорон қабилаи доиҳо ба нигони тоҷикон иртиботи қавмиву хунӣ дошта, ба тоифаи сакоиҳои моварои Ому ва Сир мансубанд. Давлати Ашкониёни Порт қариб 5 аср тамаддуни давлатдорӣ ва фарҳанги ориёии аҳди Ҳахоманишиёнро пуштибонӣ карда, онро ривоҷу равнақ дод.

ДАВЛАТИ ПОРТРО КӢ ТАЪСИС ДОДААСТ?

Ашк соли 247 то милод лашкари селевкиёнро бо сарварии Андрогор шикаст дода, вилояти Парсуа (Порт)-ро пурра соҳиб шуд. Ӯ то ин вақт дар моварои Баҳри Хазар ва резишгоҳи дарёҳои Ому ва Сир будубош намуда, ба ҳудудҳои шарқии давлати Селевкиён тохтутоз мекард. Ашк соли 247 то милод дар пойтахташ шаҳри Гекатомпил бо номи Ашк тоҷгузорӣ карда, сулолаи Ашкониёнро бунёд гузошт. Ӯ дертар пойтахти худро ба шаҳри Нисо ё худ Меҳрддодгирд кӯчонида, барои ҳифзи сарҳадҳои давлаташ ба муқобили подшоҳони Селевкиён ва давлати юнониасоси Бохтар пойдорӣ намуд.

ПОДШОҲОНИ МАШҲУРИ АШКОНИҲО КИҲО БУДАНД?

Давраи дурахшонтарини давлатдории Ашкониён ба замони подшоҳии Меҳрддоди I (солҳои 170–138 то милод) рост меояд. Таърихнигорон хидматҳои Меҳрддодро барои афзудани шуҳрати ҷаҳонии империяи Ашконӣ ба назар гирифта, ӯро «Дорои Бузурги сулолаи Ашкониён» номидаанд.

Меҳрддоди I ба давлати Ашконӣ ҳудудҳои Озарбойҷон, Эрони Ғарбӣ, Байнаннаҳрайн ва Марву Сиистонро ҳамроҳ намуд. Ӯ барои пойдорӣ дар муқобили империяи Рум дар ҳудудҳои наздимарзии он, яъне соҳили дарёи Даҷла пойтахти нави худ Тайсафун (Ктесифон)-ро бунёд кард, ки яке аз зеботарин шаҳрҳои Шарқи Қадим ба шумор мерафт.

пешина
аз 395
навбатӣ