Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
КУРУШИ КАБИР ҲАНГОМИ ЛАШКАРКАШИҲО
Ба Бохтару Суғд тақрибан солҳои 545 то милод чандин кишварҳоро мутеи худ сохта, дар канори дарёи Сир шаҳристони истеҳкомие бо номи Курушкада бунёд намудааст, ки онро муаррихони юнонӣ дар шакли Киропол ёдоварӣ кардаанд.
Баъзе бостоншиносон ақидае доранд, ки харобаҳои шаҳристони Курушкада дар шаҳраки Куркати ноҳияи Спитамени вилояти Суғд воқеъ буда, осораш то кунун боқист.
ШЕРАК ЧӢ ГУНА ЛАШКАРИ ДОРОРО ФИРЕБ ДОД?
Мувофиқи ривояти таърихнигори юнонӣ Полиен Дорои Кабир бо қӯшуни сершумораш барои саркӯбсозии сакоиҳои ҳудудҳои Суғд равона шуда, мехоҳад сарзамини паҳновари онҳоро забт намояд. Ҳангоми аз биёбон гузаштан ба лашкаргоҳи Доро марде бо номи Шерак бо бадани маъюб, сару рӯйи пурҷароҳат ва гӯшу бинии бурида меояд. Ӯ аз болои пешвои сакоиҳо, ки гӯё ӯро бегуноҳ ҷазо дода, аз миёни ҳамқавмонаш рондааст, шикоят менамояд. Ӯ бо пешниҳоди Доро роҳбаладии лашкарро бар дӯш гирифта, онҳоро бо роҳи пурмашаққат сӯи биёбонҳои тафсони хушку беоб мебарад. Доро дар рӯзи ҳафтум фиреби Шеракро фаҳмида, ӯро сар мезанад, вале Шерак ба мақсади худ, яъне аз ташнагӣ заифу нотавон кардани лашкари Доро расида буд.
Спитамен яке аз симоҳои барҷаста ва қаҳрамони халқи тоҷик мебошад, ки баҳри истиқлолу озодӣ ҷон бохтааст. Ӯ ҳамроҳи ватанхоҳои бохтариву суғдӣ соли 329 бар зидди Искандари Мақдунӣ ҷангида, шаҳри Марокандро аз дасти ғосибон озод мекунад. Муборизаҳои истиқлолхоҳои Спитамен ва ҳамсафони бохтарии ӯ Катану Австон яке аз дурахшонтарин саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик мебошад. Спитамен ба муқобили Искандари Мақдунии мағруру ҷаҳонситон шӯрида, бо дастаҳои фидоиёни хеш ду соли тамоми дар ҳудудҳои Суғду Бохтар муборизаҳои беамон мебарад. Ӯ баъди муҳорибаҳои нобаробар бо лашкари сершумору шикастнопазири Искандар бо хиёнати чанде аз ҳамсафони нохалафаш қаҳрамонона ҳалок шудааст.
Бохтар яке аз нахустин давлатҳои таърихии ориёитаборон ва ниёгони тоҷикон буд, ки онро форсҳо «Бахтриш» ва юнониҳо «Бахтриана» меномиданд. Дар Китоби муқаддаси Авесто номи Бохтар ҳамчун сарзамини қадимии подшоҳони сулолаҳои Пешдодиён ва Каёниён ёдоварӣ гардидааст. Дар осори таърихнигорони юнонӣ Бохтар сарзамини ободу марзҳояш серҳосил, дорои дарахтони гуногуни мевадор, чарогоҳҳои серобу сарсабз, ҳайвоноти гуногуни хушзот, аз ҷумла асбони тездави бохтарӣ будааст.
Бохтариҳо мардуми савораи ҷанговару силаҳшӯр буда, тарҳи рӯйи зебо, бинии теғадор, мӯю риши ғӯлӣ, чашмони калони сиёҳ ё кабудҷатоб доштанд. Онҳо дар гӯш ҳалқа ва бар пешонӣ тасма баста, камзӯлҷаю шалвор ва мӯзаҳои соқдори кафшмонанд, баъзан кулоҳи намадини нӯгтез мепӯшидаанд.
Ба сарзамини Бохтари қадим доманаҳои қаторкӯҳҳои Ҳиндукуш, Тоҷикистони Ҷанубӣ, як қисми Афғонистон ва водии Сурхондарёи Ӯзбекистони имрӯза дохил мешуданд. Дар давраҳои қадим ва асрҳои минбаъда Бохтар чун маркази давлатҳои Юнону Бохтар, Кушониён ва Ҳайтолиён, борҳо ҳудудҳои Марғиён, Суғд ва қисмати ҷанубии Хоразмро зери тобеияти худ даровардааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё