Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
ӯ аҷоиб рӯзе буд, рӯзи шодию нишот. Вале ӯ ин рози ширинашро ба кӣ гӯяд. Ба кӣ гӯяд, ки ӯ ҳам шод гардад? Ҳа, ин хел дӯсти ӯ Сангин. Сангинро ба ёд овар-ду дилаш таҳ рафт... Ё ба хотири Сангин бо ин дух-тар минбаъд тап назанад? Метавониста бошад?
Мошини Мадина ба поёни боғи деҳа расида, вайрон шуд. Дудбарояш чанд бор так-так садо доду мотор аз кор монд. Ҳар ду аз кабина баромаданд. Мадина сар-пӯши моторро бардошт. Чанд мурватро аз назар гу-заронданд. Онҳо болои карбюратор ҳам шуда буданд, ки мошиne омада истод. Аз он акаи Асрор, баъд Сан-гин фуромаданд.
— Ҳа, хонум, чӣ шуд? — пурсид акаи Асрор, бурут-ҳояшро тоб дода. — Мошин вайрон шуд?
— Не, об ҷӯшид, — гуфт Мадина ва сарпӯши моторро пӯшида, ба Шодмон сатилеро дод, ки об биёрад.
— Сангин, шаб хона биё, мешинем, — гуфт Шод-мон.
Сангин бо нафрат тарафаш назар андохту аз паси акаи Асрор ба кабина даромад. Вақте ки мошини онҳо рафт, Мадина Шодмонро аз роҳаш гардонд, «об ло-зим не» гӯён боз сарпӯши моторро бардошт. Мошин соз шуд, лекин таъби Шодмон хира гашт. Ҷӯрааш ран-чид, бори нахуст вай ба рӯи Шодмон ин тавр сахт на-зар афканд.
Шодмон ба ҳавлиашон расид. Модараш дар пеш-айвон сари хоҳараш Мунзифаро мешуст. Мӯйҳои сип-сиёҳи ӯ аз пеши рӯяш чун тури ғафс даруни тағора овезон буданд. Хоҳари калониаш Саида баргҳои зар-долуро, ки болои суфаи байни ҳавлӣ рехта буданд, ме-рӯфт.
— Мошин гирифтӣ? — Саида ҷорӯб дар даст рост шуд.
— Ҳа.
— Наовардӣ?
— Пагоҳ.
— Оча, акам мошин гирифтааст! — аз ғояти ҳая-чон фарёд зад Саида.
— Сангина надидӣ? — Модар мӯйҳои Мунзифаро шона мезад.
— Хона омада буд?
— Ҳа гуфт, ки боз сесад сӯми дигар медиҳӣ.
— Барои чӣ? Ягон гапи дигар гуфтагист...
— Не, шунидагиам ҳамин.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё