Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

— Ман аз Сангин қарздор нестам. Вай аз ман як вақт дусад сӯм гирифта буд.
— Намедонам, пул пурсид, — модар шона дар даст сари по хест.
Падари Шодмон — амаки Азизхон савори ҳангии си- ёҳ ба ҳавлӣ даромад. Ӯ аз сари рама аз доманаи кӯҳи Мағмуруд бармегаштааст. Ба ҳар ду дарза шох бор кар- да оварда буд. Падар аз болои дарзаҳои ҳезум фуро- мада, борро ба як тараф чаппа кард, яили маркабро суст карда бандашро ба мехи пеши дари оғил баст.
— Хайр, мошин муборак, — амаки Азизхон рӯймо- ли миёнашро, ки хеле суст шуда болои зонувонаш фу- ромада буд, кушода онро аз болои яктаҳи кори раҳ- рахи сурху сафедаш аз нав саҳтакак баст.
— Ташаккур...
— Мошини бафайз шавад... Чӯраат корро буд кард?
— Ҳа, Сангин пеши директор даромад.
— Ҳозир ман вайро дидам. Боз сесад сӯми дигар пурсид, додам.
— Чӣ хел сесад сӯм? Чиба ба вай пул додед? — Шодмон дар ҳайрат буд, ки сухан аз кадом пул ме- равад.
— Медонам, бачам, ин корҳо ба ту намефорад, ин хонасӯхтаҳо бепул корро буд намекунанд, рӯирост ме- гӯянд, — падар алами писарашро пасттар кардани шуд.
— Ба ҳеҷ кас ман ягон тин надодаам.
— Инҳо балоянд, аз дасти ту пул намегиранд, одам доранд. Директор пулро аз дасти чӯраат гирифтааст.
Амаки Азизхон дар хаёле буд, ки писараш аз кори кардааш дар хиҷолат мондааст. Охир тинати бача пок, зиндагӣ дар хаёли ӯ дигар. Фиребгару ҳаннотонро бад мебинад, пай ҳамин хел калон шудааст. Мақола мена- висад, чанде аз ин тоифаҳоро танқид ҳам кардааст. Ана имрӯз худи ӯ гирифтор, лекин пушаймон аст, сир намедиҳад. Падар барои таскини дили писараш боз гуфт, ки зик нашавад. Худи ӯ ҳам аз ночорӣ ба муди- ри ферма пора додааст. Агар соле ба ӯ ду-се гӯсфанд надиҳӣ, аз таги ноҳунат чирк кофта мегарданд. Амаки Азизхон худи Сангинро ҳам мисол овард.
— Хаёл мекунӣ, ки бачам, ҳамин бечораро Асрор бе ҳеҷ чиз ба кор тӯғрӣ кард? Не, Сангину падараш

1 Як навъи матоъ.

пешина
аз 399
навбатӣ