Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

як соли дароз дар хонаи ин одам хизмат карданд, хизматгори бепулаш буданд. Чӣ илоҷ, бачам? Аз омадшудаш кори дунё ҳамин.

— Медонам, — ҷавоб дод Шодмон.

— Донӣ, зиқ нашав, — амаки Азизхон андаке осуда шуд, ки ба писараш гап фаҳмонда тавонист.

Вале маънии «медонам» гуфтани Шодмонро дуруст сарфаҳм нарафт. Шодмон амаки Асрорро дар назар дошт. Ин одам дар деҳа соҳиби хонаю ҳавлии боҳашамат, мошин, соҳиби гапу ҳарф. Гапи як одами бесаводи пулмаст гап. Ба касе ишора кунад, ки дар хонааш кор дорад, чорпо шуда медаванд. Дар деҳа пири шофёрҳо шудааст, шофёрҳои калон ҳам дар хизматашу бачаҳои навшофир ҳам. Ӯ ба ҳама мадад мекардааст. Падараш гуфт, ки ба ҷӯраи ӯ Сангин ҳам ҳамин одам мошин ёфта дод. Вале бечиз не. Рӯзҳоке ки Сангин дар хонаи акаи Асрор кор мекард, ба Шодмон ҳам маслиҳат дода буд, ки дар масъалаи шофёр шуданаш аз акаи Асрор мадад пурсад, дили ӯро ёбад.

Акаи Асрор дар поёни ҳавлиаш меҳмонхонаи нав меандохт. Сангин, ҳамин ки аз дарс мебаромад, он ҷо метохт, бо падараш лой мешӯрид, девор мебардоштанд. Як рӯз Сангин дар хонаи акаи Асрор лой хобонду касе наёфт, ки девор бардоранд. Падараш куҷое рафта будааст. Аз Шодмон ёрӣ пурсид. Ӯ дилу бедилон розӣ шуд. Дар сари роҳ кампири Ҳасратбегим дучораш омад.

— Куҷо меравӣ, бачам? — пурсид кампир.

— Хонаи акаи Асрор.

— Лой мекунӣ?

— Ҳа бибӣ.

— Нағз бачам, рав, хизмат кун. Маълум, ки ту ҳам шофир шуданӣ, — бо истеҳзо гуфт кампир ва илова кард:

— Ҳоло ҳамин хел, ки одамон дигар як кори хайрро ҳам бечиз намекунанд, як беваю бечора коре фармояд, баҳона меёбанд. Лекин Асрор барин бузбалаи пулдор имо кунад, ба сар медаванд.

— Бибӣ, шумо кай хизмат фармудед, ки ба ҷо наовардем? Марҳамат кор бошад гӯед, меравем, мекунем — гуфт Шодмон.

— Гапи мани муштипарро кӣ мегирад. Аз дасти ман наояд, ки ба шумоҳо мошин ёфта диҳам... Шодмон

пешина
аз 399
навбатӣ