Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
гирифт. Фарзандаш барин дӯст медошт... То рӯзҳои охирини кор карданаш дар редаксия Абдуллозода ба вай мададгор буд. Имрӯз мӯйсафед дар байни яку ду Мавлонзодаро шогирдам, худам тарбия кардам, мегӯ- яд. Ҳақ дорад ба ин у... Монанди у одамони аз Абдул- лозода некию нағзӣ дида бисёранд... Дунё гузаро, но- ми одам бо хубӣ бимонад авло. Некию нағзиро бояд пеша намой... Абдуллозода вайро ҷуста мактабашон рафта буд... Нозимиро у чеғ зада овард. Танҳо як масъ- ала — масъалаи хонаи уро ҳал намудан лозим. Нози- мие, ки соҳибкаламаст, ҳикоя менависад. Рӯзе мера- сад, ки Мавлонзода ҳам пеши касе боифтихор гуфта метавонад: ҳамин бача — Нозимиро худам ба редак- ция ба кор овардам, душвор буд, хона надошт, лекин ёрӣ расондам...
Бо Нозимӣ хеле суҳбат кард. «Хона намеёбем», гуфт дар охир... Нозимӣ бо у «хайр» гуфт, рафтани шуд, ва- ле дили Мавлонзода намешуд, ки равад у.
— Баъди як ду рӯз боз дароед, — гуфт беихтиёр.
Барои ба Нозимӣ хона пайдо намудан муҳаррир ҳа- мон рӯз, пагоҳӣ дигараш ҳам ба бисёр идораву му- ассисаҳо рафт, пеши чандин кас қорафтода шуд, хона суроғ кард. Аз кумитаи партиявии район, аз комиҷ- роия, аз чандин ташкилоти дигар мадад хост. Суде на- шуд. Ниҳоят аз як хеши наздикаш хоҳиш кард, ки ба хотири у барои як коргараш хона ёфта диҳад. У не гуф- та натавонист. Нозимӣ модарашро ҳам кӯчонда овард, дар идораи газета ҳам эҳтироми Мавлонзода ба у беш- тар буд, ҳар як очерку ҳикояи уро бо ҳавас мехонд. Маслиҳат медод, барои ҳар як чизаш, ки чоп мешуд, табрику муборакбод мекард уро, хурсанд мешуд ба чандин каси дигар тавсия медод, ки фалон ё бисмадон очерку ҳикоя ва ё ҳатто лавҳаи чопшудаи уро хонанд... Вақте китоби ҳикояҳояш чоп шуд, аз худи Нозимӣ у бештар шод гашта буд.
— Ҳамин Нозимиро худам ба редаксия ба кор овар- да будам, — дар чанд маърака номи вайро бо ифтихор ба забон овард... Лекин афсус, ки ана ҳамин Нозимӣ дар як-ду соли охир одами дигар шудааст. Шарму ҳаё аз рӯяш паридааст. Муҳаррир борҳо шунидааст, ки Но- зимӣ гуфтааст: «дар ин редаксияи мо ягон нафар бо- савод нест, чизҳои менавиштаашон хушк, беилҳом... Коллективи суст, аз инҳо чӣ меомӯзӣ?!» Ягон ҳарфу калимаҳои хабару мақолаҳояшро намегузорад, ки касе

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё