Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
ислоҳ кунад. «Шумоҳо ақаллан як ҳикоя нависед» аз он ки ҳикояҳояш чоп мешавад, ифтихор мекунад... Хусусан баъди китобаш нашр шудан-ку ба замин намегардад ин бача. Ҳамеша масту аласт, зану кӯдаконашро партофта думи боз кадом духтареро гирифтааст... Мактуби зани ӯро хонда гиряи кас меояд... дили одам барои кӯдакони ӯ месӯзад. Онҳо дар орзуи падар... Ана ҳамин одамро Мавлонзода ба редакция ба кор овард, шогирди ӯ. Чӣ шогирде! Ба кадом ҷиҳаташ ифтихор кунад? Шогирдаш ҳоло худи ӯро ҳам писанд накард... «Миннат накунед, фармон надиҳед, шумо падари ман не, маро аз кор ҷавоб диҳед, нон бисёр, рӯзам мегузарад, намемирам...» — гуфт ба ӯ. Ибо накард, истиҳола нанамуд... Ҳоло фармони аз кор ҷавоб дода шудани ӯ дар наздаш. Танҳо як имзо гузоштанаш мондааст. Қаламро гирифт. Аммо онро ҷуръати болои коғаз бурдан надошт, бароиш гарон менамуд ин кор...
Телефон садо дод. Аз марказ аз Душанбе мепурсанд ӯро. Кӣ бошад? Бо ӯ нависанда Қутносӣ гап мезад. Дар роҳи эҷодӣ ба Нозимӣ ҳамин одам мададгор... Устоди ӯ. Нағз, дар вақте ки аз хусуси Нозимӣ ба кӣ чӣ гуфтанашро намедонад, дилаш бухс кардааст, ҳамин одам занг зад, нағз. Худаш ҳам аз барои Нозимӣ бо ӯ гап мезадааст.
— Шумо чӣ кор карда истодаед? — пурсид.
— Чӣ шудааст, муаллим?
— Нозимиро аз кор ҷавоб додед?
— Кӣ гуфт? — Мавлонзода дар ҳайрат буд, ки чӣ тавр дар як лаҳза — дар ҳолате, ки акнун ба фармон имзо гузоштанист, Қутносӣ дар пойтахт аз ин огоҳ шудааст...
— Шунидам, шумо асло ин корро накунед, барои аз занаш ҷудо шудан ҳеҷ касро аз кор пеш накардаанд, суд ин масъаларо ҳал мекунад, суд, на шумо!
Мавлонзода аз хусуси Нозимӣ ба устодаш Қутносӣ хуб шикоят карда, аламҳояшро гуфтанӣ буд. Аммо имкон нашуд, алоқа канда гашт... Вай гӯшакро аз даст намонда «ало, ало» мегуфт...
Дар кушода шуда ҷойнишинаш Расулии куҳансол бо хотири парешон даромад. Ба ҳаяҷон афтода буд, саросема менамуд.
— Нозимиро аз кор ҷавоб додед? — Нишастанро гӯё ӯ аз хотир бароварда рӯ ба муҳаррир меистод.
— Ҳа, ана фармон, — ба коғаз ишора кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё