Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
бошед, ботини бади шуморо медонем, сиёҳдил, камсавод...
— Ҳоло ман ба ту сухан надодаам, шин, аз худ нарав! — Шафақ мушташро ба рӯи миз фаровард.
— Тоқат кун, эркатулфор, — ба гӯшаш омад овозе.
— Кӣ гап задан мехоҳад? — пурсид Шафақ Шариф.
— Мумкин? — Шафий аз ҷо бархост.— Ман, — гуфт ӯ, — гуноҳҳои Нозимиро батафсил, мӯ ба мӯ баён кардан намехоҳам, намегӯям, ки вай ба кор ҳамеша нӯшида меояд, бадмаст аст, боз намегӯям, ки то ин зани навашро гирифтан ҳам ба идора ҳар хел зану духтарҳоро меовард, моро кор кардан намегузошт... ба ҳама халал мерасонд, писанд намекард. Ҳа, ман дар ин масъалаҳо хомӯш меистам. Ҳоло ман ба Нозимӣ як суол медиҳам.
— Марҳамат, — раиси маҷлис ба ӯ иҷозат дод.
— Медонӣ, писарчаат Меҳрубон дар куҷо? — пурсид ӯ ва бо ин суолаш вай ба дили Нозимӣ оташ андохт. «Меҳрубон — дар куҷо» мегӯяд ин қасофат? Ба ӯ ягон ҳодиса рӯӣ додааст?»
— Намедонам, — гуфт бо хаёли парешон.
— Бале, Нозимӣ намедонад, ки фарзандаш дар чӣ ҳол. Хушу ҷонаш болои арӯси ҷавон, — Шафий баъд ҳикоя кард, ки шаб писараки ӯ то чӣ ғояти шаб атрофи ошхона — ҷое ки тӯяш мегузашт, «додо, додоҷон», гуфта гирёну нолон гаштааст, гириста-гириста беҳол шудааст, афтидааст, вайро ба беморхона бурданд... Аз ин ҳикояти ӯ ҳама мутаассир гаштанд, худи Нозимӣ ҳам. Сараш ҳамтар шуд: «Наход Меҳрубони вай бемор, дар беморхона? Наход дар шаби тӯи ӯ гиристааст?» Ҳа, дар ҳақиқат вай Меҳрубонро як назар дида буд. Баъд куҷо шуд вай? Аз хаёлаш рафт... Маст буд, хуш надошт. Баъди Шафий боз чанд нафари дигар сухан гуфтанд. Танқид шунид, сарзаниш мекарданд ҳама. Умедвор буд, ки ҳоло устоди меҳрубон, муаллими азизаш ба сухан мебарояд, гулӯ даронда доду фарёд зада «Нозимӣ бад, Нозимӣ ин тавру он тавр...» гуфтанҳои онҳоро ба як пул баробар мекунад... Ба шири дамидаи иғвогарону бадбинҳо оби сард мерезад... Боз ӯ дастболо, боз вай ҳамон Нозимӣ. Барояш муҳаррир на як бору ду бор ҷон нисор кардааст. Ниҳоят Мавлонзода аз ҷо хест. Чанд варакро аз ҷайбаш берун баровард, айнакашро ба чашм монд. Аҳли маҷлис ҳама хомӯш, садое шунида намешавад: ана согирифта

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё