Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

буд. Дар паҳлӯяш мудири шӯъбаи пропаганда ва агитацияи комитети партиявии район. Аз афташ масъала жиддӣ аст. Шафақ Шариф аз паси миз рост шуд, коғазеро пеш кашид. Масъалаи маҷлисро эълон кард: зани Нозимӣ ариза навишта будааст, ӯро муҳокима мекардаанд. «Оё ҳамон аризаест, ки муҳаррир дар наздаш хонда буд? Аз паи ин намешаем», ваъда дода буд Мавлонзода. Қотиб аризаро хонд. Дигар будааст, ин пешина не, нав. Аз хусуси тӯяшон, аз хусуси воқеаҳое, ки ҳанӯз аз рӯй додани онҳо ним рӯз нагузаштааст, боз гапҳои дигар, гапҳои бисёре...

«...Нозимӣ журналист, муҳбири калони шӯъбаи пропаганда ва агитацияи рӯзнома, шӯъбае, ки ба тарғибу ташвиқи қарорҳои партия ва ҳукумат вобаста. Ба дӯши ӯ ҳамин хел вазифаи масъулу лекин худаш қонунро вайрон кард... Зану кӯдаконашро партофт, Шаҳнозро аз роҳ зад, гаранг кард, ақлашро дуздид. Нависанда-дия, бало. Дар ин роҳ ба вай боз мададгорҳу буданд. Якеаш муҳаррири газета — коммунисти куҳансол Мавлонзода. Шаб ӯ раиси тӯи Нозимӣ буд. Ба ҷои падараш шудааст ин одам ба ӯ. Лекин падари беакл, аз бесаводҳо ҳазор бор бадтар. Насиҳат намедиҳад, аз роҳи хато намегардонад ӯро...»

Мактуб гӯё беохир буд. Шафақ Шариф гулӯ даронда онро мехонду мехонд. Суханҳои вай дигар ба гӯши Нозимӣ намедаромаданд, сараш аз худаш набуд, гаранг...

Ниҳоят Шафақ Шариф қоғазҳои дасташро болои миз монд.

— Рафиқон, навиштаҳои зани Нозимӣ қариб ҳамааш дурустанд. Ин ҷо мо гунаҳкорем. Лаҷоми ин одамро бармаҳалтар накашидем, эрка кардем, ҳар номаъқулие кард, кордор нашудем...— Шафақ Шариф ба ҷои ҷони Нозимӣ ҷанг зад, ӯро сӯзонд, болои ҷароҳатҳояш намакоб пошид. Тоқат карда натавониста аз ҷояш хест.

— Шумо, рафиқ қотил, ба даҳонатон нигоҳ карда тап занед, таҳқир накунед, эрка нагӯед, «лаҷоми ин одамро бармаҳалтар накашидем», мегӯед... Лаҷом, ла- чом...— Ин калимаро чанд бор такрор кард.

— Одоби суханро намедонед... Ин аризаро оилай ман нанавиштааст, вай кори газетаро намедонад, ка- доме аз ҳамкорони худамон...— гуфту забон хоид ва илова намуд:— шояд худи шумо ба вай роҳ нишон дода

пешина
аз 399
навбатӣ