Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
ӯро ҳоло бардошта наметавонад, ба дилаш намеғунҷад.
— Куҷо будӣ? Хаёлат куҷо рафт? Ба ман нигар, ҷавоб деҳ,— суолаш дод.
— Асабӣ нашав, Шаҳноз,— Нозимӣ кулоҳашро аз сар гирифта ба рӯи ҷойхобаш, болои диван ҳаво дод.— Ту минбаъд ба барвақту бевақт омадани ман одат кун, ба хурсанду хафа буданам ҳам. Меҳнати аҳли қалам, журналистон осон нест, душвор аст. Летучка, маҷлис, командировка... он ҷо рав, он ҷо бидав... Супоришҳо аз мӯи сар зиёд. Хафа ҳам мекунанд, ба ҷон мерасонанд, боз бахилӣ... Ана ҳамин рӯз рӯзи сиёҳи ман буд, беҳтараш намегӯям, ҳикоя намекунам.
— Медонам, барои чӣ рӯзам сиёҳ буд, мегӯӣ, медонам, барои чӣ ҷонат беҷо...— Ғазаби Шаҳноз зиёд гашта буд.
— Намедонӣ, Шаҳноз, хабар надорӣ, надонистанат беҳ... Кирои ғам надорӣ.
— Аз ҳамааш бохабарам, ғами маро нахӯр.
— Ғами туро акнун ман мехӯрам, Шаҳноз, ту азони манӣ, бахти манӣ...— Ба пайкари немуръёни Шаҳноз чашмаш афтод.
Пайкари духтарони зеборо рассомон боилҳом офаридаанд, ӯ онҳоро дидааст, тамошо кардааст. Вале ҳеҷ якеашон ба Шаҳноз монанд не. Дар ғояти ғазаб дилҷӯю хушрӯйтар шудааст. Чанд чашми дигар ёбаму тамошо кунам, мегӯӣ, абрувони пари зоғаш болои чашмон каманд хӯрданд, чашм не, афсона, сеҳр... Бо қалам гӯё кашидаанд чашмони ӯро... Рухсораҳояш таровате дорад, ки ҳеҷ духтар надорад, мӯйҳои шабгуни парефонаш баёзи гардан, болои китфонашро пӯшидаанд... Ин хел духтари зеборо надидааст ӯ. Кофта-кофта ёфт, дунёест ӯ, дунёи Нозимӣ. Пеши ӯ ба ҷуз хушомад задан, ба гапаш даромадан, сар фуруд овардан чорае надорад. Кони ҳусн, лекин тез, якрав, кайсар, бадҷаҳл...
— Куҷо будӣ? — ба такрор шунид пуриши ӯро.
— Дар редакция.
— Чӣ кор доштӣ?
— Навбатдор будам.
— Агар дурӯғ гӯӣ чӣ?
— Дурӯғ намегӯям, Шаҳноз, бовар кун...
— Навбатдор будам гуфтӣ?
— Ҳа.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё