Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Телефонро аз болои миз пеш кашид Шаҳноз, қаҳру ғазабаш омада буд. Ангуштонаш бетартибона болои рақамҳо давиданд, чанд рақамро саросема тоб дод.

— Ба ман рақами телефони хонаи рафиқ Мавлонзода... Ҳа муҳаррири газета... Чанд гуфтед? — рақамҳои шунидаашро ба қоғаз навишт, «ташаккур» гуфт ва аз нав даст ба рақамҳо бурд.

— Чӣ мекунӣ? — Нозимӣ дасти Шаҳнозро дошт.

— Аз худи Мавлонзода мепурсам, исбот мекунам, ки ту навбатдор набудӣ, дар дигар ҷо будӣ, дурӯғ мегӯӣ, фириб медиҳӣ...

— Номаъкулӣ накун, Шаҳноз...

— Чиба дурӯғ мегӯӣ?

— Ист.

— Ростӣ гапро гӯй, қоил шав, ҳамаашро медонам, медонам, ки имшаб дар редаксия кӣ навбатдор.

— Аз куҷо медонӣ?

— Гуфтам-ку, ту бо ман бозӣ накун, шарманда мешавӣ, ба райком хабар медиҳам, ариза менависам, ҳоло... гуфту боз ба телефон чанг андохт...

— Меҳрубон касал шудааст, касали сахт, ба беморхона рафта будам,— ростӣ гапро гуфт ӯ.

— Ҷавонмарг шавад, мурад ин бачаи ту.

— Ин тавр нагӯй, бас кун, аз худ нарав! — панҷаҳояшро мушт кард Нозимӣ.

— Чӣ мекунӣ? Сағераат ба ту азиз...

— Ту ҳам бача кунӣ, нағз мебинам фарзанд ба ҳама азиз.

— Чаро гуфтӣ, ки ғайри ту хаёли ҳеҷ кас надорам, фарзанд, ҷону ҷигарам ту гуфтӣ. Аз хотират рафт? Дирӯзакак гуфта будӣ, дирӯз.

— Шаҳноз туро ҳам дӯст медорам.

— Боз киро дӯст медорӣ? Чанд дил дорӣ ту? Модарам гуфта буданд, ки марди зандор, кӯдакдорро нагир, ту муносиби вай нестӣ, гул ба гул, хор ба хор, ҷанҷол карданд. Лекин ту каллаамро гаранг кардӣ бероҳа шудам, фириб хӯрдам... Чаро ин тавр кардам? Барои чӣ?

— Асабӣ нашав, Шаҳноз. Ман туро ҳеҷ вақт намеранҷонам, мурам ҳам! Туро дӯст медорам, ту барои ман дигарӣ, гуфтам-ку, ҳама чӣи ман туӣ. Ин тараф биё, гузар шин,— даст ба зулфони ба бари рухсораҳо ҳалқа хӯрдаи Шаҳноз бурд, рӯяшро, мӯяшро сила карда ба паҳлуяш, болои диван шинондан хост.

пешина
аз 399
навбатӣ