Зеҳн
ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 131 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

З-ин сабаб, кӯш, то тавонӣ, ҷаҳд намо,
Дӯсти некон бошу дӯстам, бо Худо!
...

Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “…
лайса ал-каззобу ал-лазӣ йуслиҳу байна ан-носи файанмӣ хайран ав йақулу хайран”, яъне, дӯстам, “... касе, ки барои эҷоди сулҳу оштӣ миёни мардум сухани маслиҳатомезеро ба мардум бирасонад ва ё сухани маслиҳатомезе ба забон оварад, дурӯғгӯ шумурида намешавад”.

Беҳтарин кор аст, дӯстам, эҷод намудани сулҳ ва андохтани оштӣ миёни мардум, ки аз якдигар ранҷидаанд ва аз гуноҳони якдигар дарнагузаштаниянд.

Ва ин кор осон аст, агар сухан маслиҳатомез бошаду ниҳояту ғояти он – фоидаи тарафайн бошад.

Худованд, албатта, беҳтару бештар медонад.

……….

  1. Оид ба масоили қадр намудани неъмати дастрасшуда.

Меъдаи чашмро бикун кӯр, ай бино,
Чун рафиқ ҳирсро магир дар ин саро.
Чашми ҳирс ҳич гоҳ машуд сер дар замин,
Оқибат хок сер кунад ӯро... Ҳамин!
Лек, мабошад қиссаи поён аз он,
Маъниҷӯёнро намо ҷамъ бо азон.
Хуб гӯш деҳу намо фикр, ай фато,
Чун наяст дар кори ҳикмат, ҳич хато.
Дар “... фақад утийа хайран” аст масал,
Мечинад занбӯр зи гарди гул асал.
На зи баргу шоху на рангу наяш,
На бичаспад хору на тан дар паяш.
Маънӣ чун нур аст, ало нури Худо,
Чашми сар пӯшу басарро баргушо!
...

Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “…
ло ҳиҷрата баъда-л-фатҳи”, яъне, дӯстам, “... баъд аз фатҳ (-и Макка),
ҳиҷрат (аз Макка) вуҷуд надорад”.

Яъне, дар зимистони соли 630 милодӣ, яъне соли ҳаштуми ҳиҷрӣ, Муҳаммад
(с.а.в.) бо ҳазор нафар лашкари Ислом ба тарафи Макка руй овард. Аҳли Макка, дар ибтидо, муқовимат нишон доданд, вале, бе заҳмати азиме шикаста шуданд.

пешина
аз 131
навбатӣ