Зеҳн
ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 131 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Муҳаммад (с.а.в.) 23-юми январи соли 630 милодӣ ба Макка дохил гашт.

Фатҳи Макка хеле ором гузашт. Шаҳр, мисли суннатҳои лашкаркашон, тороҷ нагардид, танҳо бутҳо шикаста, бутҳо ва ибодатгоҳҳои берун аз Макка вайрон карда шуданду бас ва ана дар ҳамин ҷо, чун ривоят мекунанд, Паёмбари акрам, дар пешгоҳи ҳарими Каъба, муроҷиъат ба лашкари Ислом мекунад, ки аксарияти он, аслан ва қаблан, бошандагони ин мавзеъ буданд, ки баъд аз фатҳи Макка, ҳиҷрат дигар вуҷуд надорад ва бо ин кораш чанд назарияи мухталифаро, ки чун гумон дар миён буд, аз байн мебарад ва чунин мефармояд:

  1. Яъне, шумо дигар муҳоҷир нестед!
  2. Шумо дигар беватан нестед!
  3. Шумо васл бо ватани аслиатон намудед!
  4. Шумо ҳуқуқи фуқарои Маккаро пайдо намудед ва ҳоказо.

Вале, тобиши дигар аз ин таъкидот ҳамин буд, ки он фатҳи ваъдашуда аз ҷониби Худованд, ба вуқуъ пайваст ва он нияте, ки доштем, мақбул гашт ва саввум он буд, ки ин киноя аз даст накашидан аз хоҳиши дерина, ки дастрас гашт, будааст. Яъне, баъд аз он ки хоҳиши деринаи инсон ба даст омад, инсон набояд онро ба осонӣ аз даст диҳад, қадр кунад ва ҳоказо.

Пас аз фатҳи Макка ду ғазои дигар дар Ҳунайн ва Тойиф рух дод, ки аввалинаш, ба осонӣ ба фоидаи лашкари Ислом ба анҷом расид ва дуввуминаш, баъди муҳосираи тулонӣ, ба таъвиқ гузошта шуд ва баъдан, бе ҷанг, худ таслим гардиданд.

Таслим гардидани Макка ғалабаи қатъии сиёсию ҳарбии Муҳаммад (с.а.в.) ва сипоҳи Ислом буд. Ҳамин тавр минбаъд яке пас аз дигар қабоили араб, бо роҳи ҷанг ва ё осоишта, ба ҳокимияти сиёсии нав ва дини нав таслим шуданд.

Соли 631 мелодӣ Муҳаммад (с.а.в.) ба сарфармондеҳии сипоҳи азиме ба сӯйи сарҳади арабу Византия (Сурияи имрӯза) ҳаракат мекунад. Вале ӯ, чунон ки аз сарчашмаҳо маълум аст, пас аз даҳ рӯзи дар водии сарҳадии Табук таваққуф карданаш, амалиёти ҳарбие оғоз накарда, ба Мадина бармегардад.

Дар он сафар аҳли бошишгоҳҳои насронии араб замонати ҳимояти Муҳаммад (с.а.в.) ва озодии эътиқодро бо қабули уҳдадорӣ дар мавриди пардохти хироҷ ба даст оварданд. Яҳудиён низ даст аз мубориза бардоштанд.

Соли 632 (соли 10-уми ҳиҷрӣ) Муҳаммад (с.а.в.) озими аввалин ва охирин зиёрат, ҳаҷҷи исломии “Хонаи Худо”, яъне Каъба мешавад. Ин ҳаҷҷ, баъдан, “Ҳаҷҷи видоъ” номида шуд. Паёмбари Ислом баъд аз анҷоми ҳаҷҷ бо ҳамроҳонаш ба Мадина бармегардад ва баъд аз се моҳи ҳамон сол, аз илтиҳоби пардаи шуш, чун дар баъзе аз махазҳо таъкид шуд, дар синни 63-солагӣ вафот кард.

пешина
аз 131
навбатӣ