ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Худованд, албатта, беҳтару бештар медонад.
……….
- Оид ба масоили сабру тоқат дар авқоти мусибат.
Сабр – калиди ҳар дари мақфули туст,
Сабрро бояд даруни сина ҷуст.
Он, ки фаҳмид сираташ, ӯ дар маром,
Гашт рафеъи арши назру эҳтиром.
“Сабр – ҷамил аст!” – гуфт Худо. Маъниш чист?
Назди Ӯ беҳтар зи собир кист, кист?
Ӯ чаро ин қадр дорад дӯст варо?
Даст гирад Ӯ каси уфтодаро?
Чунки маҳз уфтода гӯяд дарди дил,
Бо Худои меҳрубонаш, чун Вакил.
Ҷуз таваккал нест варо чора дигар
Бар Худо, чун назди Мусо, ҷилвагар!
Ай бародар! Насри Эзид аст қариб,
Чунки Ӯ-ст ҳар даъватеро, бин, муҷиб.
Мустаҷиб гардад дуоҳо назди Ҳақ,
Қонун аст ин, қонуне аз он фалак!
Ӯ даво, пеш аз мараз, меофарад,
То ғуломаш бар забон номаш гирад.
То бигӯяд: Ай Худо! Мо бандаем,
Бас умеду чашм ба лутфат бастаем.
Гуфта будӣ: Ман шифои дарди ту,
Ман давои дарду бас ғамҳои ту...
...
Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “…
ло йатаманнайанна аҳадукуму-л-мавта мин зуррин асобаҳу”, яъне, дӯстам, “... ҳич яки аз шумо ба хотири мусибате, ки ба он гирифтор мешавад, орзуи марг накунад”.
Бале, санҷишҳои Худованд осонгир нестанд.
Баъзан, чун мардум мегӯяд “... ҷонгиранду ҷонгузаранд” ва тоқат намудани дарду ҳасрати он, хеле мушкил аст ва ба ҳар ҳол, чун дар Қуръон омадаву бо чанд аз аҳодиси набавӣ, мисли ин, таъкид шуда, мусалмон ҳақ надорад, ки аз бетоқатӣ даст бар ҷони худ занад ва ҷонро сӯи ҳалокат майлонад ва ҳатто, чун боло гуфта шуд, дар орзуву таманнои марг бимонад.
Медонему мефаҳмем, ки дар баъзе аз ҳолот, душвор аст, вале чун Худованд худ
ваъда додааст: “Инна-л-лоҳа маъа-с-собирин”, яъне, батаҳқиқ, ки ҳар ойина Худованд бо сабркунандагон асту мусалмонро бояд “Инна-л-лоҳа маъано...”, яъне, “Худованд бо мост...”-ро шиъори худ бигардонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё