ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “…
мо зала йусинӣ Ҷибрилу би-л-ҷори ҳатто зананту аннаҳу сайваррисуҳу”,
яъне, дӯстам, “... Ҷибрил он қадар маро дар мавриди ҳамсоя суфориш намуд,
ки хаёл кардам ӯро шарики ирс қарор медиҳад”.
Бале, дӯстам, ҳамсояи наздик, мегӯянд, беҳтар аз ақрабои баъид (дур) будааст, чун балои сахт бар сар ояд ва ё кумаке фавран лозим гардад, бале, ана ҳамон ҳамсоя ба наздат зудтар хоҳад омад, на он ки омадан баҳраш, аз роҳи дур, хеле меҳнатеро эҷод мекунад ва малолеро ба пеш оварад.
З-ин сабаб ва чун дар асл, коре, ки ҳамсоя ба анҷом расонад, мисли он ки Худованд бо дастони ӯ адо кунад, будааст, пас, он феъл – феъли худовандӣ аст, ки кирояи он бо дастони ҳамсояат ба анҷом хоҳад расид.
Ба сабаби чунин хӯйи ҷойнишинӣ ва чун Паёмбар фармуда аз Ҷибрил, - “вориси ирс”, ва заҳмати фаврӣ ва дастрасии бемалол, пас, то тавонӣ, бо ҳамсояат меҳрубонӣ бикун, дӯстӣ бикун ва дар фавоиди тарафайн эҳтиромона иштирок биварз, ки бар сари кас, Худо донад, ки чиҳо хоҳад омад?!
Худованд, албатта, беҳтару бештар медонад!
……….
- Оид ба масоили авфу мағфират намудани гуноҳон дар вақти дарду ғам.
Тоҷире дар даст лаҷом мерафт дур,
Суд гирифта аз тиҷорат, бо сурур.
Мехонд ӯ бас суруди шӯху шӯр,
Аз қиёми чошниҳош аз уқби гӯр.
Рост мегӯянд, к-азоби роҳи дур
Бадтар аст аз азоби нақди гӯр.
Мо, ки то ин дам надидем роҳро,
Пас, надонем фарқи шамсу моҳро.
Гарчи ҳар ду медурахшанд, лек қамар,
Тобад зери офтоби пурҳарар.
Гарчи ҳар ду гарманду лек шамс,
Ҳич машуд моли касони бадламс.
Об шаванд дастону ашё назди ӯ,
Кӯр шаванд чашмони мои хубҷӯ.
Лек агар нураш шавад хомӯши бад,
Ях кунад олам, шавад нобуд ҳад.
Менарӯяд ашҷору в-он гиёҳ,
Меравад испедиву ояд сиёҳ.
Ҷумла ҷонвар мешаванд маҳв, як даме
З-ин намонад нақшу кори одамӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё