ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Лек, бародар, қисса нест дар ин боб,
Қиссаи мо дигар аст, ё аҳли боб.
Хуб, чу гуфтем, нест кор бе ҳикмате,
Нест иҷро хостаҳо бе хидмате.
Бин, ки ҳатто хор халад гар нӯки по,
Ҳикмате дорад, ки донад сирф Худо.
Ин ҳама дар лавҳ марқум шуду нашр,
В-он шавад макшуф, дон, дар рӯзи Ҳашр.
Хуб, чу зам кард шеъру мехонд ӯ суруд,
Хор халид, ин вақт, ба пову захм гушуд.
Доду фарёд зад ба осмон з-ин қадар:
Гуфт Худоро: Кор кардӣ, пас, нигар!
Ҳамди беҳад, он Худои меҳрбон,
Он, ки гуфт: Бингар қадам, дуртар зи он!
Чун нигаҳ кард, мори афф аз зери санг,
Сар бароварду хазид андар танг.
Гашт падид аз мадди чашми пуркин,
Он ки мезад дод, гуфта: Ин чӣ дин?!
Дида маънӣ дар фиъоли Кирдгор,
Хап кард тоҷир сухан аз ҳоли зор.
Фаҳмид ӯ, ки зинда мондан аз хор,
Беҳтар аст аз мурдан аз захми мор!
...
Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “…
мо мусибатин тусибу-л-муслима илло каффара-л-лоҳу биҳо ъанҳу ҳатто аш-шавкати йушакуҳо”, яъне, дӯстам, “... Мусалмон дучори ҳич мусибате намешавад, магар ин ки Худованд ба василаи он гуноҳонашро мебахшад, хоре, ки ба пояш мехалад”.
Бале, дӯстам, коре нест, ки ҳикмате надошта бошад ва мусибате ба сар наояд, агар дар рағми вай мақсаде аз чанд баровардаҳо набошад.
Аввалан он, ки тавассути маҳз санҷишҳои сахт Худованд сабру қаноати бандагонашро ҳам месанҷаду ҳам такмил медиҳад он авомилро, ки боиси пурнуру мукаммал гаштани ҷони инсон хоҳад гашт.
Сонийан он, ки тавассути сирф чунин “хорбарпойзаданиҳо” Худованд маҳорати бахшидану ситоишу шукр карданро дар инсон мепарвараду месанҷад, ки инсон, сарфи назар аз ин дарду машаққат, оё бо назардошти дигар неъматҳои гирифтаву шод шуданҳояш, боре шукр мегуфта бошад ё на?
Ана маҳз дар ҳамин ҷода гуфтан, ки ин ҳама беҳикмат несту танҳо барои хотири некиҳост, ҷоизу воҷиб аст барои инсон!
Худованд, албатта, беҳтару бештар медонад!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё