ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Бале, дӯстам, агар аз чизи неку фоидабахш ва судовар насибат гардонида бошад Худованди раззоқ туро, пас, матарсу ҳалол бишмору бихӯр аз он, вале ба дигарон низ, чун Паёмбар фармуда “... пас, он чизеро, ки барои худат дӯст дорӣ, онро барои дигарон низ дӯст бидор” (фа-л-уҳиб мозо туҳиббу, ё фато!) ва аз ризқи ҳалол, чун Худованд фармуд: “... анфиқу миммо разақнакум...”, яъне, бидеҳ аз нӯки он ба дигарон низ.
Ҳич гоҳ, чун дар ҳадиси боло омада, чизи некро аз дигарон руст макун ва захира макун, балки онро барои дигарон низ арзонӣ дор, чун Худованд ва чун волидайнам маро фармуданд, “... Худованд ризқи кулро дар ризқи ту маҳлул кардаасту ту бояд онро бо дигарон бо ҳам бинӣ!” ва тақсим намоӣ (уқсим би кул).
Худованд, албатта, беҳтару бештар медонад!
……….
- Оид ба масоили дили зиндаву мурда, гарчи инсон зинда бошад ҳам.
Чун мабошад номи Ҳақ дар ёди дил,
Мисли тан ғайри нафас бошад чу гил.
Мурда бошад ҳамчу муште бе нафас,
Холӣ бошад ҷои ҷон андар қафас.
Булбуле гар дар қафас хомӯш нишаст,
Бишмаранд, ӯ мурдааст ё з-он биҷаст.
Чун шавад холӣ фазо аз зоғу бум,
Пур шавад даррав қафас бо савти шум.
Қар-қари зоғу қаҳи бум бас хароб,
Мекунад бо савти ваҳму изтироб.
Гар шавад аз савти бенур пур ҷой,
Мегурезанд мардуме з-ону Худой.
Мешавад вайрон фазои илтифот,
Ҷои меҳр ояд каломи зӯру мот.
Мурда бошад инчунин дил, гар Худо
Кулбае нокарда бошад, чун бино.
Зинда бошад он диле, к-аз “... ло йамут”
Пур бошад, гар шиораш “... буду буд!”
Бин, чӣ гуфт зиндадиле дар ин боб,
Чун бувад фармудааш беҳ з-сад китоб:
...
Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “…
масалу-л-лазӣ йазкуру раббаҳу ва-л-лазӣ ло йазкуру раббаҳу масалу-лҳаййӣ ва-л-маййитӣ”, яъне, дӯстам, “... мисоли касе, ки зикри парвардигорашро мекунад ва касе, ки зикри парвардгорашро намекунад, монанди зиндаву мурда аст”.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё