Зеҳн
ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 131 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бале, дӯстам, он диле, ки доиман дар зикру ёди Ҳақ асту рафтору кирдораш бо табъу фармудаи Парвардгораш ҷӯр аст, зинда аст ва он диле, ки пур аз кинаву адовату ғайбату ҳасаду ҳақорату бахилист, он дили мурдааст ва чун Худованд фармуда “... ило би-зикри-л-лоҳи, татмаъинна-л-қулуб” (Қуръон), яъне, дилҳо ҳамеша дар ёди Худованд мутмаъин мегарданду таскин мешаванд, чун танҳо ёди ӯ метавонад инсонро ҳамеша ба роҳи ҳақ, ба роҳи росту манфаъатбахш даъват кунад ва аз кардани гуноҳон огаҳу ҷилавгирӣ намояд.

Худованд, албатта, беҳтару бештар медонад!

……….

  1. Оид ба масоили бардавомии дуои фариштагон барои намозгузорон дар вақти намоз.

Домани модар чу пок асту аҷиб,
Саҷдагоҳе аст бароят, ай наҷиб.
Ҳар дуо мақбул шавад дар беғашӣ,
В-ин намонад ёд зи ваҳми оташӣ.
Дур шавад оҳанги хашми дӯзахат,
Пур шавад аз савти форам ботинат.
Санг шавад уфтода аз дил бар замин,
Ҷон шавад пок аз ғашу кин, ай амин.
Ҳар қадам гардӣ ту дуртар аз бало,
Дон, кунад он даҳ қадам пештар Худо.
Чунки покӣ пок кунад ахтои мо,
Ранг гирад ангур зи ангур, ай фато.
Гар нишинӣ рӯйи дег, дар қадди тан,
Мешавад доман сиёҳ андар бадан.
Даст шавад аз равғанаш олудачасп,
Кай кунӣ аз ин натиҷа дарсу касб?!
Гар шавад пок аз гунаҳ, парӣ ба бом,
Барканӣ занҷиру холис ту зи дом.
...

Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “…
ал-малоикату тусаллӣ ъало аҳадикум мо дома фӣ мусаллаҳу мо лам йуҳдис”, яъне, дӯстам, “... фариштагон барои касе, ки дар ҷои намозаш нишаставу то замоне, ки бевузуъ нашудааст, дуо мекунанд”.

Бале, дӯстам, мутатаҳҳир, яъне, пок будан на танҳо бар вазни тану тӯш аст, ки он дам ҳам, беист, то вақти шикастани таҳорат, фариштагон бароят дуову саловот мехонад, балки, дар ҷону қасд низ ҳаст. Яъне инсон бояд он ки руҳан пок бошад, варна чашмони дил хираву ранги хун тира ояд ва дар ин ҳол ғаразе пайдо шавад ва гуноҳе, - содир!

пешина
аз 131
навбатӣ