Зеҳн
ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 131 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дарднок аст баркашӣ он нохуне,
Ки бувад бо гӯшти ту, бин, ҳамхуне.
...

Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “…
ман ахаза шибран мина-л-арзи зулман фаиннаҳу йутаввақуҳу йавма-лқиёмати мин сабъи аразин”, яъне, дӯстам, “... ҳар кас ба андозаи як ваҷаб замини дигареро бо зулм тасоҳиб кунад, он замин рӯзи Қиёмат то ҳафт табақ, тавқи гардани ӯ мешавад”.

Бале, чунин ҳам ҳаст, дӯстам. Қонуни табиъати худовандӣ ин аст, ки золим мазлум мегардад рӯзе ва ҳатман мечашад дарди намаки ба ҷароҳати каси дигар пошидаашро!

Бин, ки фармуд Паёмбари акрам (с.а.в.), ки ба андозаи як ваҷаби ночиз аз замини шахсе, бе ихтиёру розигии шахси дигар гирифтааш, сабаби то ҳафт қабати бузург ва вазнинро бар гарданаш тавқ бигзоранд, яъне, бияндозанд, ки зери гаронии он касе наметавонад як қадаме гузошта тавонад.

Яъне, дӯстам, чизе дар ин дунё нест, ки бе шарти розӣ шудани каси дигар, ки аслан соҳиби он чиз аст, ту метавонӣ онро гирифта бошиву истифода карда.

Худованд, албатта, беҳтару бештар медонад!

……….

  1. Оид ба масоили хондани намоз бо ҷамоъат, агарчи як ракъат ҳам бошад.

Хоб медид марди ботақво яке,
З-ину он аз корҳояш андаке.
Чун саҳар надик мешуд, бонги он
Кард ӯро бедор аз хоби гарон.
Ақл мегуфташ: Бихез, чун вақт адо
Шуд барои хоби нозат, ай фато.
Шуд воҷиб вақти фаҷр, бархез зи ҷой,
Рав, вузуву кун таҳорат, масҳи пой.
Баргушо саҷҷодаву ой боли хон,
Каф бикун бар қиблаву баргӯй азон.
Ину он мегуфт ақл бар гӯши ӯ,
То бихезад баҳри Эзидаш зи хӯ.
Чашмпӯш хесту нишаст дар ҷойгаҳ,
Пас, бигуфт “Бисмил...”-у рафт то пойгаҳ.
Дар дилаш миш-мишкунон мегуфт: “Беҳ
Сония дар зикри Эзид аз гиреҳ.

пешина
аз 131
навбатӣ