Зеҳн
ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 131 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Хоб чу ғофил мекунад моро зи ҳақ,
Мебарад рӯйро тавалло ӯ зи Ҳақ.
Он ки рӯяшро бигардонид зи Ӯ,
Бемуҳобо, гардад ӯ бо худ аду.
Хуб, шунид, пас он Карим бар ҷамъ гуфт:
Бандаи ман дар паям гардад ҷуфт.
З-ин ки ӯ нохеста аз ҷой гуфт маро,
Ай малоик, мекунам ман ҷуфт варо.
Барнависед сад ҳазор аҷр дар китоб,
Пур кунед, пас, номаашро бо савоб.
Мо ният ҷӯем дар дили ғулом,
Сир дар дил аст нуҳуфта, ва-с-салом!
...

Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “…
ман адрака ракъатин мина-с-салоти фақад адрака-с-салота”, яъне, дӯстам, “... ҳар кас ба як ракъат аз намози ҷамоъат бирасад, намозаш ҷамоъат ба ҳисоб меояд”.

Бале, дӯстам, як ракъат аст ва ё ду ракъат аз чаҳор, ва ё аз ибтидо то интиҳояш, ҳар ракъати бо ҷамоъат гузошта, намози ҷамоъат ба ҳисоб меравад, ки аҷру мукофоти он ба карат зиёд аз намозҳои худ дар хона хондааш, мебошад.

Чандин паҳлӯҳои зиёд дорад, хондани намоз бо ҷамоъат: аввал он, ки амният дар теъдоди зиёди намозгузорон мавҷуд аст. Дуввум он, ки аҳлият дар теъдоди зиёд мавҷуд аст. Саввум он, ки дар ҳолати омӯзиш, агар муқтадӣ бошад, пас, аз Имом ва дигарон тарзу услубро меомӯзад ва ҳоказо. Ва аз ҳама муҳимаш он, ки дар дуъои ҷамоъат имконияти мақбул шудани дуъо зиёдтар аст.

Худованд, албатта, беҳтару бештар медонад!

……….

  1. Оид ба масоили канорагирӣ намудани шахси сиру пиёзхӯрда дар муошират.

Ҳар гиёҳ, - гӯянд, ки рӯяд дар замин,
“Ваҳдаву ло ширк лаҳу...” гӯяд, бубин.
Нест мавҷуд дар замин аз халқи Ӯ,
Ки магӯяд “Ай Худо...” ё шукри Ӯ.
Хори зил чу мезанад бар по ҷараҳ,
Номи Ӯ хонад ба покӣ дар фараҳ.
Ҳар чи шуд махлуқи он Ҳақ, аз яқин,
Дар дуъояш ӯ бигӯяд, бас “амин!”
Ин ки мо дар ло-лисонӣ машҳурем,
З-ончи гӯянд махлуқи Ҳақ нашнавем.

пешина
аз 131
навбатӣ