Зеҳн
ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 131 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

...

Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “...
ал-бузоқу фӣ ал-масҷиди хатиъатун ва каффаратуҳо дафнуҳо”, яъне, дӯстам, “... андохтани оби даҳон дар масҷид гуноҳ аст ва каффораи он дафн кардан аст”, яъне, аз байн бурдани он мебошад.

Чӣ қадар тазкияву тавсияи беҳтарин аст, ки боиси такмили адабу одоб асту баланд бардоштани маърифати инсонист, хоҳ аз ҷиҳати физиологӣ бошад ва чи аз ҷиҳати маънавӣ.

Оби даҳон андохтан, дӯстам, яъне “туф” кардан, умуман, на танҳо дар масҷид балки, чун масҷид аз зумраи ҷойҳои таҷаммуъи мардум, ҷои муқаддас аст, пас, дар ҳама ҷое, ки дар он мардум ҷамъ мешаванд, анҷуман меороянд, васати равобит аст, мисол, бозору дӯконҳо, макотибу мадорис ва ҳоказо, аз рӯи одоб нест ва чун ҳамоно ин шарти ҷой баробар гашт, пас он гуноҳ аст.

Баъдан “туф” кардан аз нишонаҳои кибру адоват аст, аз нишонаҳои нобаробариву аз рафтори ғайри мусалмонист ва аз ҷиҳати физиологӣ бошад, фаразан, агар шахс маризи силу дигар амрози гузаранда бошад, пас вай ҳамаро зери хатар мегузорад ва дидаву дониста кардани ин кор, баробари қасдан зарар расонидан ба амонати шахси дигар аст.

Мутаассифона, баъзан шоҳиди он мегардем, ки баъзе аз мардум дар кӯчаву истгоҳҳо, дар бозору ҷойҳои маъишӣ, ҳамин кори басо безебу гуноҳро мекунанд ва ҳатто каффораи онро, яъне, илоҷи безарар кардани онро тавассути дафн кардани “туф” бо хок, намеҷӯянд.

Баъдан, шояд шунида бошӣ, ки дар урфият вожаи “бузуқбош” пештар истифода мешуд ва мардум, шояд аз надонистани таъриху маънии ин калима, онро нисбати шахсе, ки гӯё дасти нобакор дошт ва ё чизеро, ки мерасад, мешиканад, истифода мешуд. Вале, истилоҳи туркии “шикастани чизе” дар забони туркӣ аслан “бузулиш” аст, на “бузуқ”, яъне “туф” кардан. Аз ин ҷост, ки дар асл, ин маънии он ҳам манфӣ, ки одами бадрафтор аст ба ҳар ҳол, дошта будааст.

……….

  1. Оид ба масоили андозаи аъмол ва аҷру мукофот ва аз нишонаҳои боимонии инсон.

Рӯзе аз рӯзҳо ба дӯкон як ҷавон,
Омаду мехост харад ду дона нон.
Ду дирам доду талаб кард дуву гуфт,
Мо харидори асилем, на ки муфт.
Нонфурӯш лек як бидоду пас бигуфт,
Низ чунинем, ай бародар, дур зи муфт.

пешина
аз 131
навбатӣ