ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Нархи донаш ду дирам аст, чор зи ду Бояд он пардохта бошӣ, ай абу.
Ту, ки додӣ ду дирам, аз ман чаро Ҷои як ду дона хостӣ дар қазо?
“... айна би-л-айн”* шуд мувозин дар қасос, Ин бувад шарти тиҷорат в-он – асос!
Ҳар амал дар Рӯзи охир ҳамчу санг Дар тарозу вазн шавад дар кори танг.
Кас матонад ҷои як аз ду талаб Хоставу ё гуфта бошад зери лаб.
Гар зи роҳ хоре барӣ, аз роҳи ту Низ баранд хоре, на хорон, ай абу.
Бартараф кардӣ ту даҳ санг дар тариқ, Даҳ баранд аз пеши поят, ай рафиқ.
Мешавад он гоҳ Худо аз ту ризо, Сӯйи Ҷаннат дар кушод, гӯяд “Даро!”**
...
Эзоҳ:
Киноя яз Ояти қуръонӣ “... чашм ба (ҷои) чашму гӯш ба (ҷои) гӯш” (“... айн
би-л-айни узуна би-л-узуни”)
Киноя яз Ояти қуръонӣ “... ва дохил бишав ба ман, ба Ҷаннати ман” (“... вадхулӣ ҷаннатӣ”)
Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “...
байнамо раҷулун йамшӣ би-тариқин ваҷадо ғусна шавкин ъало аттариқи, фааххараҳу фашакара-л-лоҳу лаҳу фағафара лаҳу”, яъне, дӯстам, “... шахсе, шохаи хордореро дар масири роҳ дид, онро бардошту ба каноре ниҳод, Худованд аз ӯ хушнуд шуд (шавад) ва ӯро мавриди мағфират қарор дод”, яъне, гуноҳонашро бахшид ва шояд он боиси ба Ҷаннат ворид шудани он низ шавад. Худованд, албатта, беҳтару бештар медонад.
Албатта, дӯстам, шояд шунида бошӣ, шояд дида ҳам, шахсан банда ба маротиба шоҳиди он мешудам, ки пирони барнодил аз қади роҳ сангу кулӯхҳоро ва ё ягон ашёе, ки метавонист садди роҳ бошад ва ё мушкилиро барои пиёдагард ва ё савор эҷод кунад, бардошта дар канори роҳ мениҳоданд ва рӯзе банда аз чунин як шахси ботақво пурсидам, ки маънии ин кор чист? Ҷавоб дод, ки ин аз имон асту рамзи имондористу қавӣ будани он ва аз нишондоди баланд будани маърифати исломии шахс аст. Ва ин куллан дуруст аст.
Яке аз ғояҳои шариъатӣ, ки дар асоси Оёти қуръонӣ ва ё Аҳодиси набавӣ бадеъ шудааст, ин аст, ки мувозинати аҳвол ва ё афъол дар ҳама сурат воҷиб хоҳад гашт.
Яъне, мисол дар ин ҳолат, шахсе, ки ашёи садди роҳ гаштаро бартараф мекунад,
то ки дигарон монеъу азият аз он набардоранд, ҳатман, Худованд афъоле, ки ҳамчу монеъа дар садди роҳи он шахс ба ворид шудан ба Ҷаннат гаштааст, бартараф мекунад ва пас, ягон монеъаи дигаре нахоҳад монд, ки инсонро аз ворид шудан боздошта бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё