ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Менашуд аз вай ҷудо маҳлул дигар, Ки тавонад пок кунад хун дар ҷигар.
З-он ҷигар лат мехурад, он як ғализ Мекунад заҳролуд чун ҷонро қабиз.
Ранги пӯсташ зард шавад аз он заҳр, Мешавад пайдо дар мизоҷ қаҳр.
Ин аломатҳо зиёд бошанду мо Инчунин меъёр кунем бар ту васо:
То тавонӣ, шаб махӯр хӯрок зиёд, То наёянд ҳолу аҷзо з-он ба дод.
Раҳм кун бар ҳолу аҷзоят, ки он Дар Қиёмат мешавад шоҳид бар он.
Рав, бихон “Ёсин”-у дар он Ояте Аз шаҳодат додани ҳар қисмате.
“... нахтиму афвоҳиҳим” дар он бубин, Пас, бигӯ бар мо чӣ шуд бар ту мубин?
Лек, чу рӯз шуд, кулли аҷзо низ шаванд, Мисли ту бедору чолок, ай лаванд.
Мисли “... йавмин зӣ-масғаб”, пас, таъом, То тавонӣ, хӯр зи ҳар чиз ва-с-салом!
Ман сухан кӯтаҳ кунам, ин ҷову пас, Аз ҳадиси он Набӣ гӯям ҳадас.
...
Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “...
тасаҳҳару фаинна фӣ ас-саҳури баракатан”, яъне, дӯстам, “... “саҳарӣ” бихӯред, зеро дар хӯрдани “саҳарӣ” хайру баракат нуҳуфта аст”.
Саҳарӣ, дӯстам, агар ҳатто маҷозан фикр намоем, чун “охири шаби сиёҳ” асту аз асбоби баровардаи хайр аст, ки хело фазилатҳои зиёдеро дорад, ки ногуфтанист.
Дар умури сиҳҳатии инсонӣ низ саҳарӣ ва хӯрдани “саҳарӣ” фоидаҳои зиёдеро ва баракоти бешумурро дар худ нуҳуфтааст. Ҳатто, чун худат медонӣ, Абуалӣ ибни Сино чунин тавсия кардааст: “саҳарӣ”-ро “сарпеч” намуда, ба ҳеҷ кас надода, худат бихӯр; нисфи таъоми нисфирӯзиатро худ ва нисфи дигарашро ба дӯстат бидеҳ ва таъоми шабонаро ба душманат бидеҳ!
Боре дар фазои иттилоотӣ як навореро мушоҳада кардам, ки яке аз уламои машҳури соҳаи тиб, ба суоли яке аз иштирокчиён, ки “Чаро инсон набояд шабона хӯрок бихӯрад?”, чунин ҷавоб дод: Илми муосири тиб исбот намудааст, ки баъди соъатҳои 9-10 шаб, мисол, ғадуди зери меъда, ки дар кори ҳазм намудани таъом фаъолона иштирок мекунад, аз ҷудо намудани ферментҳо/гормонҳо боз мемондааст, яъне, шабеҳан, “хоб” мекардааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё