Зеҳн
ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 131 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Аз ин лиҳоз, чун фаъолияти он шабонгоҳ қатъ мегардад, ғадуд гормони инсулинро ҷудо намекунад ва меъда хӯрокро ба пуррагӣ ҳазм карда наметавонад ва аз ин сабаб теъдоди қанд дар хун зиёда мегардад, фишори хун баланд мешавад, ки яке оқибат ба диабети қанд оварда мерасонаду дигаре ба гипертония, ки боиси дилзании номувозин (тахикардия) ва ба дидани хобҳои бад мерасонад.

Бадии кор боз дар ин аст, ки ғадуди ҷигар, ки дар ҳазм намудани равғанҳо иштирок мекунад ва чун вай тамоман дар дигар узв, яъне, дар ҷигар ҷой гирифтааст, ки аслан барои пок намудани хун офарида шудааст, аз худ талха ҷудо мекунад, ки ғадуди нофаъол дар шаб будаи зери меъдаро, оҳиста-оҳиста “мехӯрад” ва бекора мекунад, яъне, ба некрози ғадуд оварда мерасонад.

Валекин чун саҳар мешавад, ғадудҳои системаи ҳазм низ бедор мешаванд ва пас, инсон метавонад хӯрокро хубтар истеъмол кунад, то ки давоми рӯз, қуввате дар бадан пайдо кунад, то ин ва ё он кори ҳам ҷисмониву ҳам ақлониро ба итмом расонида бошад.

Пас, чун дар Ояте омада (албатта, ин тобишоти дигар аз маъонии он аст), “... ав итъомун фӣ йавмин зӣ-масғабатин”, яъне, таъомро дар вақти лозима бояд он ки бидод, яъне, саҳарӣ, ки фурсати он аст ва на шаб, ки организми инсон дар ин вақт эҳтиёҷ бар он надорад.

Албатта, Худованд беҳтару бештар медонад!

……….

  1. Оид ба масоили нафақа намудан аз моли худ.

Боқӣ нест амволи оянда, чу он
Вақт, чу шуд, аз даст равад чун ин ҷаҳон.
Дил мабанд бар ин мавод, чун фонӣ аст
В-онки дар ин як ҷаҳон арзонӣ аст.
Он чӣ монад аз ману ту, ай рафиқ,
Некӣ асту ёди нек аз он Шафиқ.
З-ин сабаб гӯянд ҷовид ҳар ки ӯ
Нек бизисту некӣ кард дар роҳи Ӯ.
Ҳар ки дод аз моли худ бар дигарон,
Гашта ояд з-он Худо бар вай, бидон!
Ҳар чи бештар медиҳӣ, бештар биёд,
Ҳар чи камтар мекунӣ, н-ояд зиёд.
...

Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “...
тасаддақӣ ва ло туъӣ, файуъо ъалайкӣ”, яъне, дӯстам, “... моли худро инфоқ кун ва онро нигаҳ мадор, пас Худо низ нигаҳ мадорад онро бар ту”.

пешина
аз 131
навбатӣ