Зеҳн
ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 131 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Гар газад он меваро дандон дарун,
Дар бимонад, бин, ки пас н-ояд бурун.
Эҳтимол дар ҳазми он ишкам ба дард,
Ояду гардад дарунрав шахси мард.
Шояд он ки фавтад ӯ аз дарди он,
Ё фалаҷ гардад ахир аз заҳри он.
Қисса кӯтаҳ, он набӣ омад фуруд,
Гуфт: Чӣ кор аст, ин чӣ ҳол аст, ай ҷуҳуд?
Ин чаро хомпухтаро бо макру фанд,
Пешниҳод дорӣ ба мардум ҳамчу қанд?
Дорӣ ту инсоф ва ё бифрӯхта ҷон,
Хомро ту пухта гӯӣ бар касон?
Ин чӣ инсоф шири испед гӯӣ, пас
З-ин замон бошад сиёҳ дар назди кас?
Қисса кӯтаҳ, кард мазаммат, пас васо:
Ҳамчу пухта хомро мафрӯш! Гуноҳ!
Он чиро бар худ чу лоиқ машмарӣ,
Бар дигар лоиқ мадон, ай минбарӣ.
Нисбати дигар вақойеъ низ, бин,
Кор ояд қонуне дар кори дин.
Бин чи пухта гар магардад ин сухан,
Назди ом ҳеҷ гоҳ сухан аз он мазан.
Хом гӯӣ, пухта медҳанд, бин, ҷавоб,
Он тараф Аллоҳу аълам би-с-савоб!
...

Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “…
ло табиъу ас-самара ҳатто йабдува салоҳуҳу”, яъне, дӯстам, “... меваро то нарасида, нафурӯшед”.

Чӣ қадар зебо ва пухта фармуд Расули акрам, Муҳаммад мустафо (с.а.в.), ки ҳар тарафро, яъне фурӯшандаву харидорро қонеъ гардонад: аз фурӯхтани меваҳои пухта, комҳо ширин гарданду аҷру савоб зиёда ва итминони харидор ба ҳалолкории фурӯшанда зиёда гардад ва аммо, харидорро бошад, итминон аз ҳалол будани маъошаш ва аз ҳазми таъомаш ва аз хушнудии ҳолаш ва зиёда намудани тоъаташ бар Худояш.

Варна харидор рӯй абас намояд, ҳолаташ бад шавад, мариз гардаду дар дуои бад, нисбати фурӯшанда ҷаҳди зиёд варзад. Ва ӯ мазлум, ки гашт, пас, дуои мазлум, чу фармуда буд Расули акрам (с.а.в.), ҳатман мақбули даргоҳи Ҳақ таъоло гардаду мустаҷоб.

Ва ин қонун воҷиб аст ба ҳар коре, ки мо тасмим мегирем. Яъне, мисол, сухан гуфтан ва то ки сухан хом бошад, беҳтар он аст, ки андар даҳон монад ва каме пухтатар гардад. Варна, чун фармудаанд, “... саволи хом дода, ҷавоби пухтаро шунавад ва шарманда гардад”.

пешина
аз 131
навбатӣ