Зеҳн
ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 131 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан
  1. Оид ба масоили бародариву хоҳарӣ ва ёрӣ додани шайтон бар зидди онҳо.

Баъд аз он, к-ай дӯсти ман, халқ гашт Адам, Ҳақ баровард аз дилаш хоҳишу ғам.
Дер нагашта, ғамбарораш кард ҷудо Аз қабурғай чап барояш он Худо.
З-он даме ҳар ду бирафтанд даст ба даст, То даме ки пеши роҳ море маҷаст.
Дӯсти ман, ин ҷо, кунам кӯтаҳ сухан, Чун дароз аст қиссаи он Марду Зан.
Лек бигӯям з-он даме, ҳарду замин “... иҳбиту!” бишнида, диданд, ай амин.
З-он замон маскан гирифтанд, рӯзгор Шуд ғами Одам Ҳаворо кору бор.
З-он ду тан омад бурун мардум тамом, Чун нажоду шуъбаҳову издиҳом.
Гарчи солҳо байни мо гаштанд баъид, Мо ҳамонем “... ибни Одам”, муттаҳид.
Гар сапеду ё сияҳпӯст, ё ки зард, Мо ҳамонем, барчида аз зан ва мард.
Гар мусалмон ё яҳудӣ, ё дигар, Мо ҳамон як одамонем, дар назар.
Гар масеҳӣ ё чу бошем соъибин, Назди Ҳақ мо муъминонем, ай мубин.
Чун назар андохт Худо дар қалби мо, Фарқ надорад: мо чу шоҳ ё ки гадо?
Қисса кӯтаҳ, мо Бани Одам ва ин Шуд Худоро такяе дар роҳи дин.
Бандагони муъминаш як гашта боз Назди чашмаш шуд баробар қуш ва боз.
Он ду ҳар ду дар рисолат осмон Мекунанд парвозу бинанд ину он.
Ҳар ду доранд болу пар, чашмони тез, Ҳар ду парранд дар ҳаво то растохез.
Ҳар ду гиранд сайди худ андар замин, Ҳар ду парранд кӯҳу андар он сакин.
Инчунин амсол зиёду ман қасир Мекунам ташбеҳи ҳар ду, ай хабир.
Лек, бигӯям, ҷинси ҳар ду як ва бас, Ин бувад қонуни табъи ҷинси кас.
Чун яканд андар табиъат, ақрабо Маҳсубанд дар пеши чашми он Худо.

...

пешина
аз 131
навбатӣ