ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Дуздияш дуздӣ бувад, дуздӣ бувад...
Ман, кунун, хап мекунам, ай бу-л-китоб,
Бар ҳадисе, то кунанд ақлҳо шитоб.
Ин ҳадис аз ман наяст, аз он Расул,
Ки барояш гаштаанд Оёт нузул:
...
Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “…
лаъана-л-лоҳу сариқа йасриқа ал-байзата фа-туқтаъу йадуҳу ва йасриқу ал-ҳабла фа-туқтаъу йадуҳу ”, яъне, дӯстам, “... Худованд, дуздро лаънат кунад, ки бо дуздидани тухми мурғ ва ресмоне боис мешавад, то дасташ қатъ (бурида) гардад”.
Бале, дӯстам, мутмаинам, тиловат намудаӣ ва ё дар фикри ин Ояти карима шудаӣ, ки Худованди карим чунин дар Ояти қуръонӣ оғоз намуда: “... ва сариқу”, яъне, қатъ кунед (бибурред, кӯтаҳ кунед) дастони дуздро ва ин амри мутлақ аст, дар Қуръони карим нозил шудаву дар китобҳои шариъатӣ борҳо матраҳу тавзеҳ гашта.
Мо баъзан фикр мекунем, ки чизеро, ки дуздидем ва ё дар қасди дуздиданӣ ҳастем, ночизу хурду дигар аст, вале шояд ин барои мо чунин бошаду барои соҳиби мол чунин мабошад? Шояд он ресмоне, ки мо дуздидем, аз ашёи кории ӯ бошад, ки дар ҷамъи ризқаш, ҳар рӯз ба кор меояд? Шояд он тухме, ки мо дуздидаем, ягона тухме дар хона бошад, ки маводи хуриши фарзандони он хонавода бошад? Чаро не?! Ва ё чун дар маснавиям навиштам, шояд он китоб мояи навишта шудани китобҳои дарсӣ барои ҳазорон муридони ба ӯ монанд бошад, ки аз “гум” шудани он, Устоз нороҳат шавад, китобро омода карда натавонад?
Пас, бидон, дӯстам, дуздӣ дуздӣ аст ва он рангу бӯю ҳаҷму аҳамият ва ҳоказо надорад, ва баҳона низ шуда наметавонад. Чизеро дуздидӣ, бидон, дузд шудӣ!
Ман бовар дорам, ки агар он шогирд мепурсид, Устозаш барои ӯ он китобро ба иҷора медод ва ё ҳатто, туҳфа низ мекард. Ман бовар дорам, ки агар ресмоне мепурсидем, он кӯҳнадӯз ё чевар ё касе, каме аз он барои эҳтиёҷоти мо бурида медод, вале мо дуздиданашро барои худ раво дидему оқибат дузд шудем, ки ҷазои он, дастбурист.
Худованд, албатта, беҳтару бештар медонад.
……….
- Оид ба масоили нишонаҳои гурӯҳҳо ва ё афроду фард дар Рӯзи қиёмат.
Бандае дар хоб дид, к-ӯ дар фалак,
Суҳбате мекард гӯё бо як малак.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё