Зеҳн
ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 131 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ай, Худой!”?
Вақти зинда буданат гӯй ин сухан,
Равҳи гул дигар наояд аз чаман.
Чунки рафтӣ аз чаман нагрифта гул,
Зери ҳирс уфтода будӣ чун муғул.
Ҷунди нафс болои гул мондӣ чу по,
Бас хароб кардӣ чаманро, бевафо.
В-ин агар шахсе бидонист ҳоли худ,
Кам чиро мекарду пас, чиро фузуд?
Ҷои ханда, менишаст дар кунҷи танг,
Мегазид аз кори худ ангушти нанг.
Нола мекарду тавалло рӯзу шаб,
Зора мекард, хуфиё ҷунбонда лаб.
Хоб намекард рӯзу шаб дониста ҳол,
Т-он даме, ки ҳуш бирафту ё маҷол.
Қиссаи огаҳдилон дорад на ҳад,
На канору қаъру тамъ, пур аз лубад.
Чун шавӣ огаҳ куҷо андар лабат,
Ханда ояд, дида қабрро ё лаҳад?!
...

Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “…
лав таъламуна мо аъламу лабакайтум касиран ва лазаҳиктум қалилан”, яъне, дӯстам, “... агар шумо ончиро ки ман медонам, медонистед, зиёд гиря мекардеду камтар механдидед”.

Бале, дӯстам, дуруст мегӯянд, ки касе имрӯз механдад, ҳатман пагоҳи дигар мегиряд, яъне, хандаи охир, хандаи ҳақиқисту ин ҳама хандаҳои дигар ҳама дурӯғу фитна аст, ки оқибат шахсро мегирёнад.

“... ё лайта, қаддамту ли-ҳаётӣ...”, яъне, шахсе ки ҳаёти худро дар бозиву беҳудагиву масхарабозӣ гузаронд, ҳатман дар он дунё, аз дидани оташи Дӯзаху аз ҳоли худ, ба гиряву нола медарояд ва “... ай, кош, ки бори дигар зинда шуда, ба ҳаёт бармегаштам...” мегӯяд, вале фурсату муҳлат тамом аст ва бозгашти дубора номумкин аст.

Ашхоси огаҳдил, ба мисли паёмбарону авлиё, ин ҳамаро дар вақти зинда буданашон дарк мекунанд ва вақт ба беҳудагиву хандаву бозӣ надоранд ва агар ҳама ба мисли онҳо инро мефаҳмиданд, пас, ҷои ханда гиря мекарданд.

Худованд, албатта, беҳтару бештар медонад.

……….

  1. Оид ба масоили паҳлавониву паҳлавонону ғазаб.
пешина
аз 131
навбатӣ