Зеҳн
ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 131 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “…
лав анна ли-ибни Одама водийан мин заҳабин аҳабба ан йакуна лаҳу водийан”, яъне, дӯстам, “... агар фарзанди Одам як дарае пур аз молу сарват дошта бошад, дӯст медорад, ки ду дарае дошта бошад”.

Бале, дӯстам, чунин ҳам ҳаст, ки нафси инсон бо хостаҳои барзиёдаи худ чун лаҷоми идораро аз даст медиҳад, пас, “аммора” мегардад, яъне, амркунанда бар ҷони ӯ.

Ва чун нафс “подшоҳи” дил шуд, пас, бечора дил бояд тамоми фармонҳои нафсро иҷро намояд.

Ин табиъати нафс аст, ки ҳамеша дар фикри “якамро ду кунам, бас аст” будааст, вале ҳамон замоне, ки якаш ду шавад, вай ҳатман дар фикри “се шавад хубтар мешуд, пас бас мекунам” мешудааст, вале афсӯс инчунин нест, чунки се шавад, чор шуданашро дархост мекунад, чор шавад, панҷро... ва бехабар мемонад, ки кайҳо асиру фармонбардори нафси худ гаштааст.

Пас, инсон бояд нафси худро аз ҳаво, яъне хостаҳои барзиёд эҳтиёт кунад, то ки
Ҷаннат барояш ҳалолу маъво гардад ва ин аст маънӣ аз Ояи карима “... ва наҳан-нафса ъани-л-ҳаво. Фаин-н-ал Ҷанната ҳийа-л-маъво”.

Худованд, албатта, беҳтару бештар медонад.

……….

  1. Оид ба масоили огаҳдилон.

Он, ки имрӯз мекунад ханда, пагоҳ
Зуд бифаҳмад, к-ӯ чӣ кардаст иштибоҳ!
Хандаи имрӯз пагоҳ гиря шавад,
Чашми вай аз гиряҳо хира шавад.
Нури чашм кам мешавад аз рафта об,
Итминон гум мешавад дар хираоб.
Музтариб ҷоне, ки донад чанд пас,
Баркашанд бар сӯи вайл аз носий кас.
Пойҳо аз сӯзише бар ҳам зананд,
Қомати сарв зери парҳо хам шаванд.
Водии Вайл ҷуз зироъ дорад чӣ об?
Талху заҳр асту бувад дур аз сароб.
“Вайлату...”-гӯён бипурсад фурсате,
Лек, наёбад изну боз як рухсате.
Умри инсон дода шуд як бору бас,
Ё шунидӣ боз гашт ин сӯ кӣ кас?!
Муҳлату фурсат чу дорад вақту ҷой, Чун раванд аз даст, чӣ суд аз “...

пешина
аз 131
навбатӣ