Зеҳн
ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ман магуфтам офарам махлуқи нав,
Он чи дорад фарқ зи деву хар ва гав?
Чӣ туро манъ з-амри “усҷуд” кард? Бигӯ!
Аз чӣ бошад сахт нигаҳ кардӣ бар ӯ?
Ин шунид ҷоҳилу гуфт андар шитоб,
Ки чунин амрро махоҳад кард итоб.
Кибр бибаст чашмони ӯву кард хато,
Пас, чунин суҳбат биорост бо Худо:
“З-оташи испеди пок аст мояам,
Ҳафт қабат осмону хок аст хонаам.
Байти маъмур коргаҳам аст, пас, чаро
Саҷда орам ман махлуқи хокиро?
Ӯ зи обу хок баромад, ман зи нор,
Ӯ баромад марказу ман бар канор?
Чанд ҳазор сол саҷда кардам ман туро,
Ӯ макардаст хам сарашро, ай Худо.
Ӯ сазовор гашт ба саҷда дар фалак,
Аз чӣ дорад фазлу гӯ, аз чӣ дарак?
Мисли ман дорад пару бол ё ки ӯ
Метавонад дар тибоқ кард ҷустуҷӯ?
Хун резад дар замину кард фасод,
Ҳар чи хоҳад гираду аз худ чӣ дод?”
Ҳар чи хост бар рӯи Холиқ гуфт малак,
Пас, Худо ронд он малакро аз фалак.
Чунки худ рӯзе бигашт зомин ба худ,
Пас фаромӯш гуфтаашро кард ануд.
Ҳукми ӯро, пас, ба ҷо овард Худо,
З-он даме аз меҳри Эзид гашт ҷудо.
Гар насиб бошад маро ин умр дигар,
Аз ҳамон қисса диҳам дӯстро хабар.
Вазъи мо аз кибру фахру аз ғурур;
Ончи кард бечораро аз Ҳақ дур.
Ончи кард маҳрум варо аз лутфи ӯ,
Бо Худо кард ончи ӯро чу аду.
Ончи гашт асбоби рондан(ш) аз фалак,
В-ончи Шайтон кард номаш аз малак.
...

Абдиллоҳ бин Масъуд ривоят мекунад, ки Паёмбари акрам, Муҳаммад мустафо (с.а.в.) чунин гуфт: “... ло йадхулу-л-ҷанната ман кона фӣ қалбиҳи мисқолу зарратин мин кибр”, яъне, “... касе, ки дар дили худ зарраи хурди кибрро дошт, ба Ҷаннат ворид намешавад”.

Бале, дӯстам, маҳз кибр (назарбаландӣ, назарногирӣ) сабаб шуд, ки яке аз
фариштаҳои муқаррабин, Азозил, ки тӯли ҳазорсолаҳо Худовандро дар ҳафт
қабати осмону замин саҷда мекард, ба сабаби рад намудани иҷроиши як фармони Худованд, ки онҳо бояд Одамро саҷда кунанд, саҷда макард ва оқибат, номаш Шайтон гардиду аз даргоҳи Худованд ронда шуд.

пешина
аз 175
навбатӣ