ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа
Ва сабаби ронда шудани вай маҳз кибр буд, чун вақте ки Худованд ӯро мепурсад, ки чӣ ӯро манъ аз иҷро намудани он амр намуд, ӯ гуфт: “... халақтанӣ мин норин ва халақтаҳу мин тин” (Қуръон), яъне, “... ту маро аз оташ (-и сапеду пок офаридаӣ) ва ӯро аз гил (-и бӯйноку “салсол”, яъне, мисли ана ҳамон гили ботлоқзорҳо, ки вақти сарф намудани газҳо, аз худ садо мебароранд ва бӯйнок ҳастанд).
Имрӯзҳо авло донистани худ бар дигарон, баланд гирифтани худ аз дигарон дар мақому манзалату мартабаву табақаҳои иҷтимоиву қавмӣ низ аз нишонаҳои кибр аст ва бояд инсон аз чунин кор дур биистад, ки доштани зарраи хурдтарини он дар қалбаш боиси маҳрум шуданаш аз Ҷаннати Худованд мегардад.
……….
- Оид ба масоили таъна задан дар насаб ва навҳахонӣ бар майит.
Аз қабили хулқи бад, ай дӯсти ман,
Таънае андар насаб бошад задан.
Таъна худ бошад гуноҳу оқибат,
Ҳоли касро, бемуҳобо, бад кунад.
Бар сараш “вой” хонда, аз мӯяш кашанд,
Таъна хонда, сӯи Дӯзах мабаранд.
Гарчи хонад нодиро бар кумакаш,
Сад забонӣ сим кашанд аз он фукаш.
Мезананд қамчин ба мисли пушти хар,
Мебаранд бечораро берун зи дар.
Он дари раҳмат ба вай пӯшида шуд,
Норасида орзуҳош пӯсида шуд.
Таъна мезад, айб мекард, инчунин,
Аз пасаш ғайбат мекард ин лаъин.
Чун ту дӯстӣ, аз чунин инсон гурез,
Аз сари хони чунинон зуд бихез.
Нон махӯр аз гуфтаву аз кардааш,
Роҳ марав аз рӯи ҳар чи гуфтааш.
Андар ин кор ақли худро кун васо,
Роҳи рост рав, на ки андар ин хато.
Таъна андар хулқи худ зан, пас, бибин,
Чанд ҳазор каҷҷиву айб дар остин.
Бар гиребонат, бародар, боз нигар,
Пас, бигӯ, к-ин чирку чарб аз чист хабар?
Ин ғализ бӯй аз чӣ дорад сад нишон?
Ин гиребон аз худат ё аз касон?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё