Зеҳн
ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

“Масҷид” – ҳар ҷост, к-андар он дар зикри хайр,
Мекунанд сарҳо шитоб, дар маънӣ – сайр.
“Саҷда” – зикр аст, чун салоту чун дуо,
“Зикр” бошад, ёди нек аз он Худо.
Ҷои таълим аст “масҷид”, ҷои дарс,
Ҷои амн аст, ҷои обод, на ки тарс.
Ҷои суҳбат аст он ҷо аз қадим,
Бӯй ояд аз Худо, на аз Ҷаҳим.
Ин бас асту хап кунам ин ҷо, ки ман
Шарҳ диҳам дар ҷумлаҳо аз ин сухан:
...

Маҳмуд ибни Лабид (р.а.) ривоят мекунад, ки рӯзе, Усмон ибни Ъаффон (р.а.), яке аз хулафои рошидин, мехост, ки масҷиди набиро бозсозӣ кунад, вале ин кор ба мардум писанд намеояд, зеро мехостанд, ки он масҷид дар ҳамон ҳолат бимонад, чун писандашон ҳамон буду бас.

Усмон ибни Ъаффон (р.а.), пас, чунин мегӯяд, ки боре шунидааст, ки Муҳаммад мустафо (с.а.в.) чунин фармуда буд: “... ман бано масҷидан ли-л-лоҳи бана-ллоҳу лаҳу фи-л-Ҷаннати мислаҳу”, яъне, “... касе, ки барои хушнудии Худованд масҷидеро месозад, Худованд барои вай дар Ҷаннат ба мисли он месозад”.

Хуб, дӯстам, имрӯз, Худоро шукр, мо соҳиби истиқлолият ҳастему ҳар ҷо, бароямон дарҳои садҳо масоҷид кушода. Ҳеҷ кас моро аз хондани намозу зиёрат, аз хондани Қуръону аз бардоштани илм дар донишгоҳҳои махсуси динӣ боз надоштааст ва нахоҳад, ки боз дорад. Худо кунад, ки оҷилан аз дасти ин Куруно наҷот диҳаду он дарҳоро бароямон боз кушоянд.

Албатта, сухан оид ба “масҷид” аст, вале худ қазоват бикун, дӯстам, ки аслан чӣ ҷой аст он? Оё танҳо дар масҷид хондани намоз воҷиб шудааст? Дар Ояти карима чунин омадааст, дӯстам: “... в-азкур раббака фӣ нафсика”, яъне, чун Худованд мефармояд, ки ӯро дар дилҳо зикр кунанд, пас, дил ҳам “масҷид” аст!

Ва ё “саҷда”, ки дар намоз фарз аст, аз навъи чист? Аз навъи “зикр” нест, магар?
Оё саҷда кардан аз ҷаҳди ислоҳ шудану беҳтар шудан нест, магар? Оё зикр аз навъи таълиму ёду ислоҳ шудан ва беҳтар шудан нест, магар? Ин “магар”-ҳои ман охир надоранд ва Худованд беҳтару бештар медонад, албатта.

Пас, худ фикр бикун ва бигӯ, ки мадрасаҳо, (яъне, мактабҳо, донишгоҳҳо) ва ё китобхонаҳо ва ё дабистонҳо барои кӯдакон, ки он ҷо низ рӯҳи моро тарбия мекунанд, илм медиҳанд, навиштану хонданро меомӯзонанд, дасти моро рост мекунанд, қомати хами моро рост мекунанд, фаҳмиши моро дуруст мекунанд, канзи беохиранд, аз мо-и хурди нодон, шахси соҳиби илму маърифат месозанд, оё аз анвоъи масҷид нестанд?

пешина
аз 175
навбатӣ