ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа
Аз ин лиҳоз, дӯстам, гар дар маҳаллаат масҷиде бошад, шарт нест, ки масҷиди дигар бисозӣ, чун муҳим он ки он масҷиди бударо обод нигаҳ дорӣ ва он маблағи зиёдаатро барои сохтани мактабҳои нав, китобҳонаҳои нав ва ҳоказо сарф намоӣ! Вале, агар дар маҳаллаат мактабу дигареро дошта бошӣ, пас, бирав дар ҷои нав бисоз ва ё ба чунин мактабҳои мавҷуда кумак бикун, ободтар бикун.
Савоби он низ баробар бо савоби сохтани масҷидҳост!
Он ҳам садақаи ҷория аст, ки боиси то Рӯзи қиёмат кушода будани номаи аъмолат мегардад ва ҳар бачае, ки он мактабро мехонад ва вай, Худо хоҳад, шахси арзандаи миллат мегардаду як савоби туро ба даҳ савоби худовандӣ мубаддал мегардонад.
……….
- Оид ба масоили қарздор будан ва иллату камбудии он.
Бадтарин ҳолатро аз аҳволи бад,
Марди қарздор, бемуҳобо, мекашад.
Гар бибинад дода қарзро ӯ гурез
Мекунад дар рӯзи, гӯё, Растохез.
Мисли муш аз кунҷ ба кунҷҳо медавад,
Дум ба мисли саг бар ишкам мекашад.
Хоб нагирад чашми ӯро рӯзу шаб,
Ин бувад аҳволи ҳар ин бу-Лаҳаб.
Гар садо ояд зи кӯча, на ки худ,
Балки, занро кӯча орад ин ануд.
“Рав!” – гӯяд, “... гӯ, ки вай дар хона нест,
Гӯ: ҳақиқат ин бувад; афсона нест!”
Гар бипурсад “Кай биёям?”, гӯ: “Худам
Ҳарчи зудтар гар биояд, мебарам!
“Ту макаш ташвиш...” – бигӯ, “... ё ин малол
Мон марову марди манро бехиҷол.
“Мо намедиҳем!” нагуфтем, ё фирор
Менакунем з-ин қария шармсор.
Нангу номус дорем мо, ай қарздеҳ,
Инчунин вазниниро бар мо манеҳ.
Назди дар “Қарзро бидеҳ!”-гӯён маё,
Оби рӯямро марез, ай беҳаё!
Байни мардум дод мазан, худро нигаҳ
Дор зи ин шармандагию з-ин гунаҳ.
Ту макун маҷбур саре бар дор кашам
Ман худотарсам, на ин ки худкушам...”
Бо чунин як чападаъвоҳои бад,
Муттаҳам қарздодаро ӯ мекунад.
З-инчунин афроди шум, ай бор Худо,
Дор нигаҳ қарздодаи бечораро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё