ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа
Гар қурубат дар баъиданд ин яке,
Бас қариб аст, бас қариб аз ҳар яке.
То расанд бар тӯйи ту он ақрабо,
Ин яке гӯянд дар базм “Марҳабо!”
То дароянд хонаат бо сар инон,
Ин яке чорқат шуда гӯянд “Биён!”
То яке з-онҳо бигӯяд ку намак?
Ин қаринат ош биёрад дар табақ.
Ин сухан поён надорад, ай рафиқ,
Чунки ҳамсоя надорад шакку фийк.
Ҳаққи ӯ бо ҳаққи Ҳақ ҳамвазн аст,
Пас, баробар бори вай дар вазн аст.
Гар азият медиҳӣ ҳамсояро,
Кам кунӣ дар вазни худ он мояро.
Он, ки теғи ранҷ бар ӯ мекашад,
Заҳрро аз ҷоми худ баъдан чашад.
...
(дар идомаи он Ҳадис)
Аби Ҳурайра (р.а.) ривоят мекунад, ки Паёмбари акрам, Муҳаммади мустафо (с.а.в.) чунин фармуд: “Ман кона йуъмину биллоҳи ва-л-йавми-л-охири фало йуъзӣ ҷораҳу...”, яъне, “Он шахсе, ки ба Худованди карим ва ба Рӯзи Охир имон (боварӣ) дорад, пас, вай бояд ҳамсояашро азият мадиҳад...”, яъне, ҳамсояи худро ранҷу азоб мадиҳад, таҳқир макунад, малолу мазамматаш макунад ва ҳоказо.
Худ қазоват бикун, дӯстам, аз хешу ақрабои дур, ҳамсоя наздиктар аст. Дар ҳар расму русум ва маросимат, аввал ҳамсояҳоят расида меоянд ва то он вақте, ки хешу таборат расида омаданд, онҳо ҳамаи корро ба итмом расонида, маросими туро зебонида, дар кӯча “Марҳамат кунанд!”-гӯён меистанд ва ҳоказо, яъне, аз ақрабо дида, ҳамсоя наздиктару дастрастар аст.
Пас, ҳамсояҳоятро иззату икром бикун, онҳоро азият мадеҳ. “Ҳаққи ҳамсоя бо ҳаққи Худо баробар” мегӯянд дар урфият, пас, азият додани онҳо баробари азият додани Худову ризо намудани онҳо бо ризо намудани Худованд баробар будааст.
……….
- Оид ба масоили некгуфторӣ ва ё беҳтар донистани хамӯшӣ дар он вақте,
ки аз нек гуфтан дараке набошад.
Ё бигӯ нек ё мазан ту ҳарфро,
Рӯзи офтоб ёд макун он барфро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё