ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа
“Закот” (хоҳ закоти мол ва ё закоти фитр) бошад, низ садақа маҳсуб мешавад ва фарз шудааст ба мусалмонон. Аз ин лиҳоз, ин намуд садақаро садақаи фарзӣ мегӯянд, ки пардохти он ҳатмист.
Ин намуд садақаҳо шарту шароит доранд. Мисол: “садақаи фитр” танҳо дар охири моҳи шарифи Рамазон пардохта мешавад; “закоти мол” – як бор дар як сол пардохт мешавад ва ҳисоби мушаххас дорад ва ҳоказо.
Акнун, суоли дигар: Кӣ метавонад лоиқи садақаи фарзӣ бошад? Ҷавоб дар Ояти 60, Сураи “Тавба” омадааст, ки ин зумра ихтисос шудаанд. Яъне, “... иннама-ссадақоту ли-л-фуқароъи ва-л-масокини ва-л-ъомилина ъалайҳо ва-лмуаллафати қулубуҳум ва фи-р-риқоби ва-л-ғоримина ва фӣ сабили-ллоҳи ва-бни-с-сабил; фаризатун мина-л-лоҳи; ва-л-лоҳу ъалимун ҳаким”.
Яъне, “... ҳамоно садақаҳо (закот) ҳаққи фақирону (камбағал, камбизоъат)
мискинон (ниёзмандон, касоне, ки чизе надоранд) ва касоне аст, ки онро
ҷамъоварӣ мекунанд ва онон, ки улфат дода мешаванд дилҳояшон ва
барои харҷ кардан дар озодии бардаҳо (асирон) ва вомдиҳандагон
(қарздорон) ва дар роҳи Худову (муҷоҳидон ва муздурон) мусофирон (дар
сафарбудагон) муқаррар шудааст аз ҷониби Худо ва Худованд ба ҳама чиз
донову боҳикмат аст.”
Аз ин ҷост, ки агар шахси садақагиранда, аз рӯи мақоми хеш, аз ин рӯйхат мабошад, додани садақа ба ӯ шарт нест.
Ва акнун “туҳфа” чист? Туҳфа садақа нест, балки аз анвоъи дигари амали хайрхоҳона аст ва ҳатто дар рӯйхати “муаллафати қулубуҳум”, ки танҳо барои хотири гарм намудани рӯи шахс бар Ислом, то ки Исломро қабул карда бошад, номнавис нашудааст, ҳол он ки аз рӯи гуфтаи Паёмбари акрам (с.а.в.), туҳфа додан низ манъ нашудааст. Ин ҳам як намуди муомилоти нек аст.
Ва акнун, суоли дигар: Садақа чӣ тавр бояд дода шавад? Махфӣ ва ё кушод? –
Албатта, ба қадри ҳол, махфӣ.
Ва охирин суол: Садақа бо чӣ кор ботил (расво) мегардад? – Бо риёву миннату азият додан. Яъне, вақте ки шахс кушоду равшан садақа медиҳад, эҳтимолияти шарм гирифтани садақагиранда зиёд мешавад, ки аз он шояд азият кашад.
Садақа дода, онро ҳар бор назди ҳама гуфтан гирад, миннат ҳисоб мешавад ва ин ҳама аз нишонаҳои риёкор будани садақадиҳанда аст, ки савоб аз он ҳосил намешавад.
Ва дар охир, ба он як ҳадисе, ки дар аввали ин тавзеҳот оварда шуд, руҷуъ
мекунам, то ки мабодо касе фикр накунад, ки ин сухан аз “боғу тоғ” шуд: яъне,
“... агар шахсе ба нияти аҷру подош бар аҳлу хонаводаи худ инфоқ кунад,
нафақаи ӯ садақа маҳсуб мешавад”. Ва чунин ҳам ҳаст, чунки аҳли хонаводаи шахс дар рӯйхати садақагирандагон нестанд ва набояд ки садақагиранда бошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё