Зеҳн
ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Паёмбари акрам чунин мефармояд: “Ас-салоту ъало вақтиҳо...”, яъне, барпо намудани (хондани) намоз дар вақти худ.

Дар ин васила, дӯстам, дар урфият низ, дар асоси ин Ҳадис, чунин гуфтаанд:
“Хондани намоз дар вақташ воҷиб аст!”

Бале ва албатта, намоз “кӯҳна” намегардад ва дарҳои раҳмати Худованд тамоми рӯз кушода, вале, савоби ҳосилшуда назар ба он савоби дар вақташ пайдошуда камтар аст.

Ин мисли он аст, ки таъомро бар мискинон на дар вақташ, яъне, вақте ки онҳо “... зӣ масғаба”-анд (Қуръон), яъне, эҳтиёҷ бар он доранд, додан аст.

Худ қазоват кун, вақте ки эҳтиёҷ бар таъом намондааст, пас, додани он дигар воҷиб нест; андар ин вақт, ё гурусна аз гуруснагӣ мемирад ва ё таъомро аз дигар ҷой меёбад ва ҳоказо.

Ё ки чун устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ суруда буд, суд ва фойида аз кӯфтани
оҳани сардшуда (хунукгашта) нест, балки онро вақти гарм будани оҳан бояд
бикӯфт, то вай ягон шакл гирифта тавонад. (Чӣ кӯбӣ беҳуда сард оҳанеро?)

Бале, дӯстам, пас, аз ин ҷост, ки на танҳо намоз, балки ҳама кор дар вақти худ воҷиб аст. Пас, мар нашояд муътақид ва ё мутмаъин бар шарти ин ҷаҳон буд, чунки, чун Худованд худ фармудааст: “... куллу йаҷрӣ ило аҷалун мусаммо”, яъне, “... ҳар чиз то вақти муайян (ба Худованд танҳо) раванда аст”, пас, агар аҷал ояд, яъне, вақт ояд, амри ӯ қазо мешавад ва вақти даргузашт низ қоим мегардад. Ва нест касе ва ё чизе дар ин дунё, ки аз ин вақти додашудаи Худованд хабаре дошта бошад, чунки “... иннама-л-ъилму ъинда-л-лоҳи...”, яъне, илм аз он дар назди Худованди бузург асту бас.

Вақтро, дӯстам ва фурсатро бояд ғанимат донист ва кори имрӯзаро ҳеҷ гоҳ ба пагоҳ нашояд гузошт.

……….

  1. Оид ба масоили эҳтиром намудани волидайн ва гиромӣ доштани эшон ва некӣ намудан бар онҳо.

Чун шунид аз вақту аз он ӯ савоб,
Гашт каме қонеъ саҳоба з-он ҷавоб.
Дар давоми пурсишаш ӯ гуфт: - Валек,
Боз чӣ бошад, ай Ҳабиб, з-аъмоли нек?
Ай банӣ Масъуд, суъол бар ҷосту айн,
Сумма мо зо?! - “... Сумма бирру-л-волидайн”!
Ин гурӯҳ мардум дар ҳақ бо Худо,
Ду қадам пасттар биоянд, ай фато.

пешина
аз 175
навбатӣ