Зеҳн
ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Байни онону Худо, Пайғомбар аст,
Мисли воиз – Ҳақ; Ҳабибаш - минбар аст.
Чун қариб аст ҳаққи онон бо Худо,
Пас, макун Ҳақро зи ҳаққаш низ ҷудо.
Бебаҳо неъмат буванд ашхоси зайл,
Кай кунад бар ҳаққи ин кор ақл майл?!
Чун мақоми олиро гаштанд сазо,
Пас, ситеза бо чунин мунъим хато!
Кӯр шавӣ, гар хор кунӣ ту, ай ануд,
Душманӣ бо ҳаққи Ӯ то кай чӣ шуд?!
Нексухан гуфтан ба онҳо фарз шуд,
Ин ки ин амр - беҳтарин андарз шуд.
Гуфт Худованд: - “... чун ба инсон шуд васо,
То кунад некӣ бар эшон”, ай фато.
Он ки метобад рӯй аз амри Ӯ,
Гаштааст ӯ бо Худову худ аду.
Амри мутлақ гашт, пас, некӯсухан,
Нури чашмшон, пас, бигард, ай нури айн.
Нур, бале, на нор бигардоншон ҳузур,
Ҳамчунон кун, ки магарданд беҳузур.
“Уфф” магӯ бар хости онҳо, к-он Ҷалил,
Ҳам магардонад ҳаволатро залил.
Гар махоҳӣ хориро бар худ ҳалол,
Пас, маёр бар ҳоли онҳо ту малол.
Қисса кӯтаҳ, дар мақоми ин шариф
Ҳарчи гӯям, кам бошад, ай ҳариф.
Қиссаро кӯтаҳ намоям, чунки пас
Нисбати он сад сухан гӯям ба кас.
Ман агар хонам зи ҳикматҳои он,
Шаб саҳар мегардаду баргон - хазон.
...

(дар идомаи он Ҳадиси ривоятшуда аз Абдиллоҳ писари Масъуд (р.а.))

Бале, чун пештар тавзеҳ намуда будем ва аз ривояте, ки аз Абдиллоҳ писари Масъуд (р.а.) ривоят шуда буд ва он ҳам оид ба масоили вақт ва воҷиботи он ва оид ба воҷиб будани ҳар намоз дар вақти худ ва умуман, ҳар кор дар фурсати додашуда, пас, муайян гашт, ки чун Паёмбари акрам (с.а.в.) фармудааст: “Ассалоту ало вақтиҳо...”, яъне, барпо намудани (хондани) намоз дар вақти худ ва он аз соири аъмоли беҳтарин маҳсуб шудааст.

Валекин банӣ Масъуд, яъне, Абдиллоҳ писари Масъуд, аз ин ҷавоби Паёмбар қонеъ нашуда, боз оид ба дигар аъмоли беҳтарин суол мекунад.

Паёмбари акрам, пас, чунин мефармояд: “... сумма, бирру-л-волидайн”, яъне, “... пас, некӣ ва хидмат кардан бар падару модар аст”.

пешина
аз 175
навбатӣ